Марҳабо ба ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди Қурбон ва таъмини бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи иди Қурбон аз 3 август то 5 сентябр дар назди бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва кишоварзӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора  аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.

Қарори дахлдор аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 4 август ба тасвиб расид.

Тибқи қарори мазкур  Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташкил намудани ярмаркаҳои идона тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва  Раёсати назорати давлатии байторӣ бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе уҳдадор гардиданд, ки дар арафаи иди Қурбон ярмаркаи фурӯши чорвои майдаи шохдорро дар назди саллоххонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва саллоххонаи ҶДММ «Ёвар-11» ташкил намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *