Маъшуқаи шавҳарамро боб кардам!
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шудаем. Аввалҳо зиндагиамон мисли ширу қаймоқ ширин буд.
Дар маҳалла моро Лайливу Маҷнун мегуфтанд, чунки на чун зану шавҳар, балки мисли ду дилдода ба ҳамдигар меҳрубон будем ва як мавизро ёбем, ба даҳони ҳамдигар мениҳодем. Баъди як соли оиладоршавӣ соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке гаштем. Шавҳарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ман бошам, гул-гул мешукуфтам, ки оилаам боз ҳам мустаҳкамтар мешавад, аммо…
Намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки баъди тавлиди фарзанди дуюмамон муносибати шавҳарам бо ман якбора сард шуда монд. Дигар мисли пештара меҳрубонӣ намекард, бароям гулу туҳфаҳои зебо намеовард. Ҳайрон будам, ки ба шавҳари ғамхори ман чӣ шуда бошад. Як шаб баъди он ки шавҳарам ба хоб рафт, телефонашро кофтаму ҳуш аз сарам парид. Телефони шавҳарам пур аз аксҳои урёну нимурёни духтари ҳамсоя буд. Дар ҳамон нимаи шаб аз гиребонаш гирифта, шавҳарамро бедор кардам ва аксҳоро нишон дода, аз куҷою чӣ тавр пайдо шуданашонро пурсон шудам. Ба ҷойи ба саволам ҷавоб додан шавҳарам маро чунон зад, ки аз даҳону биниам хун фаввора зада рехт. Ба ҷойи ман зани дигар мебуд, шояд қаҳр карда ба хонаи падару модараш мерафт ва бо ҳамин хонавайрон мешуд, вале ман ба худ қавл додам, ки бахтамро ба осонӣ ба ин духтари тардоман намедиҳам. Нақшаи чӣ тавр аз Умеда қасос гирифтанро дар майнаам таҳрезӣ намуда, хапу дам аксҳои урёни ҳамсоядухтари беҳаёро ба телефони худам гузарондам ва дар интернет паҳн кардам. Бародаронаш дар шабакаҳои интернетӣ суратҳои урёни Умедаро дида, сари нангу номус омаданд ва хоҳарашонро чунон заданд, ки як моҳи дароз аз ҷояш хеста наметавонист. Касе намедонист, ки аксҳои Умедаро кӣ ба интернет партофтааст, вале қариб дар тамоми телефонҳои аҳли маҳаллаамон суратҳои бешармонаи ин духтари беандеша буд ва мардум ба рӯйи падару модараш туф мекарданд. Барои аз шармандагӣ раҳоӣ ёфтан, волидонаш Умедаро ба як марди занмурдаи калонсол, ки 4 фарзанди баркамол доштааст, ба шавҳар доданд. Албатта ман аз кори кардаам хурсанд нестам, вале дигар хел рафтор карда наметавонистам, агар ин корро ҳамту мегузоштам, ин духтари бешарм шавҳари маро ба домаш андохта, тамоман аз худ мекарду бо ду фарзанд дар кӯча мемондам. Маъшуқаи шавҳарамро боб кардам, хуб кардам!
Х., хонанда
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ