Имрӯз рузи кормандони оперативӣ аст.

Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ рафта, бо курсантону иштирокчиёни озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» вохӯрӣ доир намуд.
Мавриди қайд аст, ки дар арафаи Рӯзи касбии кормандони оперативӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» байни кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гузаронида мешавад.

Имсол низ вобаста ба таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ бо иштироки кормандони мақомотҳои дахлдор семинар-машварат баргузор гардида, озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» доир карда шуд.

Мавсуф дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, қонунгузорӣ, тарзи қабул намудани қарорҳо ва пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти прокуратураю суд муфассал маълумот дода, зикр кард, ки баъди ба табъ расидани китобҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» (Қисми умумӣ ва Қисми махсус) фаъолияти кормандони оперативии тамоми сохторҳои марбута хеле сабук гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф карда шуд.

Сипас, тибқи ҷамъбасти озмун беҳтарин кормандони оперативӣ муайян гардида, барои хизматҳои софдилона, содиқона, зоҳир намудани маҳорату мадлакаи баланди касбӣ ва дониши аълои назариявӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, инчунин бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони оперативӣ» бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз градонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *