Машварати ҳуқуқӣ: Барои дидани фарзандам чӣ кор кунам?
Аз ҳамсарам ҷудо шудам. Собиқ ҳамсарам барои дидорбинӣ ва муошират бо кӯдакам монеагӣ намуда истодааст. Ба куҷо муроҷиат кунам?
БЕҲРӮЗ, шаҳри Исфара
— Мувофиқи талаботи моддаи 56-и Кодекси оила, кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад.
Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.
Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад, ки дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад. Бо ҳамин асос ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оид ба муайян намудани тартиби муошират бо кӯдак ба суд муроҷиат намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ