Ним асри Муҳаббат бо шогирдон

Муҳаббат Мирзоева аз зумраи он омӯзгоронест, ки аз ҳафтод соли умри бобаракати хеш 49 соли онро сарфи пешаи омӯзгорӣ кардааст. Ӯ бо садоқат ва таҳаммули вижаи худ собит намуд, ки «Ба мақсад мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста!».

Падару модар — Мирзомуҳаммади мударрис ва Зебуниссои ҳунарманд бо умеди он ки дар хонавода муҳаббат пойдор бимонад, фарзанди дилбандро бо меҳр Муҳаббат ном гузоштанд ва бо гузашти солҳо меҳри Муҳаббат дар дили ҳазорон шогирдони навомӯзи забону адабиёти тоҷик маъво гирифт. Имрӯз дар Душанбе қариб ҳама ӯро мешиносанд. Бештари шогирдонаш, ки вазифаву масъулиятҳои баланд доранд, номи омӯзгори худро бо меҳру эҳтироми вижа ба забон меоранд.

Баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик гардид ва ба як рисолат содиқ монд ва инак, ним аср аст, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахт омӯзгорӣ мекунад.

Боғи илме, ки муаллима бунёд кард, меваҳои ширин ба бор овард, зеро он бо дони муҳаббат коштаву бо меҳр парварида шуда буд. Муҳаббат Мирзоева кӯшид, то меҳри забону адабиёти тоҷикро дар дили шогирдон ҷой диҳад. Ҳамин аст, ки то ҳол қариб ҳар сол шогирдонаш дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби медалҳо мешаванд ва дастони ӯро мо — ҳампешагон бо лутф «дастони бобаракат» мегӯем. Танҳо дар соли 2022 парвардагони ӯ аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 16 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд. Имсол низ панҷ нафар шогирдони муаллима аз гимназияи «Кафолат» дар олимпиадаи шаҳрӣ панҷ ҷойи ифтихориро (1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) соҳиб гардиданд ва умед аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ низ онҳо ҷойҳои ифтихории худро хоҳанд гирифт.

Соли гузашта дар конференсияи илмии хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик барои дарёфти рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе шаш нафар шогирди Муҳаббат Мирзоева бо маърӯзаҳои пурмазмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Муҳаббатбону замоне дар мавзуи «Ибораҳои масдарӣ дар романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ» рисолаи илмӣ навишт. Ҳафтод дарсади рисола навишта шуд ва давраи аввали муҳокимаи он ҳам бомуваффақият гузашт. Аммо бо сабабҳои маълуми хонаводагӣ рисола дифоъ нагардид, аммо умедворем, ки ҳанӯз ҳам дер нест.

Бо вуҷуди ин, ин омӯзгори асил бо хомаву коғаз улфати дерина дорад. Ҳанӯз соли 2020 дастури махсус барои роҳбарони синф навишт, ки аз тарафи ҷомеаи маорифи кишвар истиқболи гарм ёфт. Роҳнамои мазкур «Насиҳат гӯш кун, ҷоно…» унвон дошта, тамоми нозукиҳои кори омӯзгориро фаро мегирад. Соли гузашта дар Гимназияи «Кафолат» доир ба фаъолияти самарабахши муаллима конфронс баргузор гардид. Имсол низ дар остонаи ҳафтодумин солгарди умраш гузаронидани ҳамоиши дигари илмиву фарҳангиро ба нақша гирифтаем. 

Фаъолияти ибратбахши омӯзгории Муҳаббат Мирзоева аз назари масъулони соҳаи маориф дур намонд. Ӯро барои навиштани китоби «Забони давлатӣ» барои синфи 6 даъват карданд. Китоби мазкур бо мазмуну муҳтавои баланд чоп шуд ва чанд сол боз насли нави миллат аз ин китоб баҳра мебарад. Инчунин, муаллима бештар аз панҷоҳ мақолаи илмӣ, илмиву методӣ, дастурҳои ёрирасон навишта, дар рангину ғанӣ гардонидани усулҳои таълими забони давлатӣ саҳми шоиста гузоштаанд. Масъулони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тарзи корбариву сабақҳои ӯро барои тамоми муаллимони муассисаҳои таълимии кишвар намунаи ибрат донистанд ва бо мукофоти махсуси раиси шаҳри Душанбе қадр гардид. 

Тарбиятгар будани муаллима Муҳаббатбону Мирзоева на танҳо дар ҷараёни дарс, балки дар яке аз нақшҳои офаридааш — бибии афсонагӯй дар филми тасвирии тоҷикии «Ду коҷ» низ ба мушоҳида мерасад. Дар филми мазкур муаллима бо наберааш Хосиятбону Ғоибова ва ҳамсараш Муҳаммадиброҳим Мирзоев нақшофаринӣ кардаанд. Ранҷҳои муаллима бо мукофоти соҳавии «Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон», Муаллими дараҷаи олӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.

Дар поёни ин номаи мухтасар аз номи гурӯҳи омӯзгорони собиқадору ҷавони Гимназияи хусусии «Кафолат» Муҳаббат Мирзоеваро бо ҳафтодумин баҳори умр хуҷастабод гуфта, тани сиҳат, сари сабзу рӯи сурх ва саҳифаҳои нави корномаи омӯзгориро орзу дорем! Бигзор, ранҷҳои модари азиз дар ҷодаи илму адаб ганҷ гардад ва саодати абадӣ ҳамроҳашон бошад!

Шарифхоҷа ШАРИФ, директори Гимназияи хусусии «Кафолат»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *