Тарғиби ғуломӣ. Мақолҳое, ки аз адабиёту даҳон бояд рӯфт

Агар дақиқ назар кунем, 90 дарсади панду андарзҳои мо ғуломиву зудтасаллодиҳиро талқин менамоянд. Исбот мекунам.

1. Сухан зар, хомӯшӣ гавҳар.

2. Санги вазнинро об намебарад.

3. Ба рӯи чапат заданд, рӯи ростатро дор!

4. Ба касе, ки падаратро куштааст, модаратро деҳ! (Даҳшат!).

5. Сари хамро шамшер намебурад.

6. Хоки раз бош, ки хокзодаӣ.

7. Аз тақдир роҳи гурез нест.

Ва боз садҳо панду андарзу насиҳату васиятҳои дигар дорем, ки мазмуни ғуломӣ доранд.

Мо беғайративу тарсуии худро пушти ин гуфтаҳо ҳазор сол пинҳон кардему худро фиребу тасаллӣ додем ва ба иборае аз ҳама чиз маҳрум гаштем.

Имрӯз низ сари ҳар қадам аъмоли худро пушти ин архаизмҳои таърихӣ, ки ба дарди замон барнамехӯранд, пинҳон мекунем.

Турку тозиҳо мову шуморо хонагадову ватангадо намуданд ва имрӯз вақте расида, ки шиори онҳоро шиори худ кунем. Яъне, УРААА! Бизану бигир!

Ҳазрати Бедил:

Бо сангдилон шиори худ сахти кун,

Бардор ба оҳан, оҳани тофтаро…

Ҳазрати Иқбол:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт…

Дигар вассалом ва боқӣ казоват аз Шумост!

Собирҷон РУСТАМОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *