Машварати ҳуқуқӣ: Бо насаби Акбаров шаҳодатнома гирифта метавонам?

Мехостам донам, ки бо насаби «ов», яъне Акбаров метавонам барои кўдакамон, ки як моҳ пеш таваллуд шуд, шаҳодатномаи таваллуд гирам?

САЛИМ, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

-Аз 4-уми июли соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шаҳодатномаи таваллуд бо пасвандҳои «ов» ва «ова» бо қонун манъ карда шудааст. Мувофиқи қисми 3-и моддаи 20-и Қонуни ҶТ «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ё номи падари падар ташаккулёфта, бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева сабт карда мешавад.

Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонун насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Мувофиқи қонун, номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад. Истифодаи пасвандҳои -овна, -евна, -ович, -евич дар номи падар манъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *