Ҷойгузини Месси дар “ПСЖ” кӣ мешавад?

Месси аз бошгоҳи “ПСЖ” рафт ва роҳбарияти даста дар ҷустуҷӯи ҷойгузини ӯ ҳастанд.

Ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, дар ҳоли ҳозир варианти асосии маъмурияти “ПСЖ” футболбози португалӣ Силва мебошад. Вале ҳоло ин танҳо овоза аст ва расман пешниҳод ё рад нашудааст.

Силва дар мавсими гузашта барои бошгоҳи “МС” яке аз бозингарони калидӣ буд ва дар ҳама бозиҳои даста мавқеи калон дошт.

Ҳамчунин, бархе журналистони варзишӣ ба фикре ҳастанд, ки Силва футболбози даставӣ аст. Яъне, ӯ ҳамеша аввал фикри дастаро мекунад ва агар дар фикри зиёд кардани оморҳои корномаи худ мебуд, шояд ҳар сол яке аз довталабони “Тӯби тиллоӣ” дар канори Роналду ва Месси қарор мегирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *