Машварати ҳуқуқӣ: Гузоштани кадом номҳо манъ аст?
Қонун ба кўдакон гузоштани кадом номҳоро манъ кардааст?
ФАРОҒАТ, шаҳри Турсунзода
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Мувофиқи модаи 20-и Қонуни ҶТ «Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар сабт карда мешавад.
Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.
Инчунин, ба номи шахс илова намудани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тӯра», «хоҷа», «хӯҷа», «валӣ», «охун», «амир», «сӯфӣ» ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегардад, манъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ