Машварати ҳуқуқӣ: Киҳо наметавонанд кӯдакро фарзандхонд кунанд?

Кадом шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдакро надоранд?

ШАҲЛО, шаҳри Бӯстон

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи қисми 1-и моддаи 127-и Кодекси оила, шахсони зерин ҳуқуқи ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакро надоранд:

— шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;

— шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;

— шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст;

— шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;

— зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайри қобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;

— шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кардааст;

— шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши уҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;

— шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;

— шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *