Канзи шифо: роҳҳои пешгириву табобати катаракта

Катаракта яке аз бемориҳои паҳншудатарини чашм дар байни одамони синну соли калон ба ҳисоб меравад. Хонандагони саҳифаи “Канзи шифо” вобаста ба ин беморӣ суолҳои зиёд медиҳанд. Мо шарҳи табиби Бемористони Ибни Сино Шаҳло Бобоҷоноваро доир ба ин беморӣ пешкаши шумо мекунем.

Булӯраки чашми инсон — ин линзаи табиие мебошад, ки нурҳои рӯшноиро ба воситаи худ мегузаронад. Булӯраки чашм дар байни инабия ва ҷисми шишамонанд ҷойгир мебошад. Бо мурури сол хирашавии биниши одам зиёд мегардад. Агар сари вақт чашмҳо муолиҷа карда нашаванд, ин ба нобиноӣ оварда мерасонад.

Мутобиқи маълумотҳои ташкилотҳои байналмилалии тандурустӣ 17 миллион нафар одамон баъди синни 40-солагӣ гирифтори ин беморӣ мебошанд. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки катаракта сабаби нобиноии 20 миллион одамон гардидааст!

Сабабҳои пайдоиши катаракта:

— Осебҳои чашм (кимиёвӣ, механикӣ, контузиявӣ);

— Бемориҳои эндокринологӣ;

— Ирсият;

— Нурҳои радиологӣ, заҳролудшавии токсилогӣ;

— Ҳолатҳои номусоидии экологӣ;

— Тамокукашӣ;

— Бемориҳои гуногуни чашм.

Нишонаҳои катаракта:

Юнониҳои қадим ин бемориро KATARAKTES номидаанд, ки тарҷумаи он аз забони юнонӣ маънои шаршараро дорад. Ҳангоми катаракта чашмҳо хира дида, инсон олами берунаро ҳамчун аз паси шишаҳои обрасида мебинад. Бо “пухта расидани” катаракта ранги гавҳараки чашм ба ҷои шаффоф будан сафед мешавад.

Зинаҳои катарактаи синусолӣ:

— Катарактаи аввала. Хирашавии қисми поёни булӯраки чашм. Биноиш хуб аст.

— Катарактаи наврасид. Хирашавии қисми маркази булӯрак. Дар ин ҳолат биноиши чашм 60 — 70 дарсад кам мешавад.

— Катарактаи пухта. Тамоми булӯраки чашм хира мегардад, ки бемор фақат равшаниро мебинаду халос.

— Катарактаи пухтарасида. Дар ин ҳолат вайроншавии таркиби булӯраки чашм мушоҳида гардида, булӯрак шакли яклухти сафедро мегирад.

Инкишофи катаракта

Аз рӯи маълумотҳои ҷарроҳони чашм, дар 12 дарсади беморон катарактаи аз ҳад зиёд пухтарасида мушоҳида мешавад. Дар 15 дарсади беморон бошад, инкишофёбии сусти катаракта мушоҳида мегардад, ки ин ҳолат 10 — 15 сол тӯл мекашад. Дар 70 дарсади беморон инкишофёбии катаракта давоми 6 — 10 сол дида мешавад. Дар ин ҳолат ҳатман ҷарроҳӣ кардан лозим аст.

Ташхиси катаракта

Тарзи асосии ташхиси катаракта — ин муоинаи узвҳои равшанигузаронӣ ва қаъри чашм дар равшании баланд ба воситаи асбоби махсуси биомикроскопӣ мебошад. Нури равшанӣ ба воситаи ин асбоб якчанд маротиба зиёд гардонида, қисмҳои дохилии чашм муоина карда мешаванд.

Муолиҷаи катаракта

Ҳоло дар марказҳои офталмологӣ ин беморӣ бо роҳи ҷарроҳӣ муолиҷаи худро меёбад. Ин ҷарроҳӣ бо тарзи факоэмулсификатсия анҷом дода мешавад. Асоси ин ҷарроҳӣ дар он аст, ки булӯраки хирашудаи чашм ба булӯраки сунъӣ иваз карда мешавад. Ин амал бо беҳискунонии мавзеӣ гузаронида шуда, бемор ин ҳолатро бо сабукӣ мегузаронад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *