оила

Машварати ҳуқуқӣ: Маблағи алимент чӣ гуна муқаррар мегардад?

Собиқ ҳамсарон андозаи (маблағи) алиментро тибқи созишномаи пардохти алимент чӣ гуна муқаррар намуда метавонанд?

КОМРОН, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Тибқи талаботи моддаи 105-и Кодекси оила, усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.

Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад.

Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.

Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кўдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81-и Кодекси оила) камтар буда наметавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *