Саидаи Сироҷиддин: Сари ҳар қадам душман дорам

Саломи худро ба кулли дӯстдорони савту наво мерасонам. Ман яке аз мухлисони ашаддии сарояндаи зебову хушсадо Саидаи Сироҷиддин ҳастам. Чанд рӯз қабл овозае ба гӯшам расид, ки нафаре хонаи истиқоматии Саидабонуро оташ задааст. Ростӣ, аз хабари шунидаам хеле ғамгин гашта, тасмим гирифтам, ки барои аниқ кардани ҳақиқати ҳол бо шумо дар тамос шавам. Хоҳишмандам, як бор аз аҳволи Саидабону бохабар гашта, оид ба зиндагиву фаъолияти эҷодӣ ва то куҷо ҳақиқат доштани овозаи мазкур маълумот диҳед.

САБРИНА, ш. Душанбе

Саволи хонандаамон моро водор намуд, ки ба ҷустуҷӯи Саидаи Сироҷиддин равем. Инак, ҳақиқати ҳолро аз забони худи Саидабону пешкаши шумо мегардонем.

— Саидаҷон, як хабари нохуш шунидем. Рост аст, ки дар хонаи шумо сӯхтор ба амал омадааст?

— Мутаассифона, хабари шунидаатон дуруст аст. Шабе дар хоби ноз будем, ки баногаҳ хонаам оташ гирифт. Ҳамин қадар медонам, ки писарамро ба оғӯш гирифтаму берун давидам. Баъдтар аниқ гашт, ки сабаби сӯхтор корношоям гаштани ноқилҳои барқӣ будааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин кори дасти душманонам аст. 40 фоизи хона сӯхта бошад ҳам, паноҳи душманро ба Худо месупорам!

Шумо душман доред?

— Сари ҳар қадам душман дорам. Намедонам нотавонбинон чӣ мақсад доранд, ки ҳамеша зарарашонро эҳсос мекунам. Лек аз касе ба ҷуз Худованд ҳарос надорам!

Саида, писаратон чандсола шуд?

— Нуриддинмусаввири ман 4-сола мешавад.

— Дар васфи ҷигарбандатон суруде ҳам доред?

— Бале, як сурудамро, ки ба қалами шоири ҷавон Мустафои Раҷабзод мутааллиқ аст, ба писарҷонам бахшидаам.

— Кай рӯи саҳна омадед ва кадом суруди шуморо мардум хуш пазируфтанд?

— Соли 2007 бо суруди «Гулбоғ» рӯи саҳнаи ҳунар омада будам ва бо аввалин қадамҳоям муҳаббати мардумро нисбати санъати худ эҳсос намудам.

— Яку якбора ва бо сабабҳои номаълум аз саҳна нопадид гардидани шумо барои мухлисонатон муаммо гаштааст. Нафарони зиёде занг зада, сабаб мепурсанд. Чаро аз саҳна дур шудед?

— Бахт барои духтар аз ҳама ганҷи пурқиммат аст. Ман ҳам оиларо интихоб карда, чанд сол аз саҳна дур гаштам. Бар замми ин, баъди ба дунё омадани писари ягонаам худро пурра ба тарбияи ҷигарбандам бахшидам.

— Барои нафаре, ки тамоми ҳастии худро ба санъат мебахшад, дур шудан аз саҳна ва мухлисон душвор набуд?

— Албатта душвор буд. Мухлисонамро хеле пазмон мешудам ва ҳатто дар танҳоӣ гиря мекардам, зеро бидуни суруду оҳанг зиндагӣ барои ҳунарманд маънӣ надорад. Тақдиру насиб будааст, аз шавҳарам ҷудо шудам ва меҳри ҳунар боз маро рӯи саҳна овард.

Мутмаинем, ки дигар саҳнаро тарк намесозед?

— Ваъда медиҳам, ки то ҳоҷибибӣ шудан аз мухлисонам ҷудо намешавам!

Кай нияти ҳоҷибибӣ шуданро доред?

— Ҳар вақте Худованд насиб гардонида бошад!

Шумо дар як суҳбати кӯтоҳатон гуфта будед, ки “душманонам қасди шикастани маро доранд, вале ба мақсади хеш намерасанд. Ин гапатон чӣ маъно дошт?

— “Саидаро шикастан осон нест, осуда бошед, душманонам”,- гуфта будам бо гила аз рақибони хеш. Ин посухи ман ба тамоми душманонам буд.

— Дар охир чӣ гуфтанӣ доред?

— Орзу дорам, ки мардуми сарбаланди кишварам хушбахту тансиҳат бошанд!

Мусоҳиб: САЛМОНҶОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *