Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шакари бепул

Муштарӣ аз қаҳвафурўш мепурсад:

– Як истакон кофе чанд аст?

– 1 сомонӣ.

– Шакараш чанд аст?

– Шакараш бепул.

– Ин хел бошад, аз ҳамон шакараш як кило ба ман диҳед.

Ҳофизӣ

Марде бедор шуда, дид, ки шахсе дар байни хона истодааст. Пурсид:

– Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?

– Ҳофизӣ мекунам.

– Овозат намебарояд-ку!

– Овозро пагоҳӣ мешунавед,- гуфт он шахс.

Мард кӯрпаро ба сараш кашида, баҳузур хоб кард. Зани мард саҳарӣ бедор шуда, дид, ки ҳама чизро гирифта рафтаанд. Ӯ доду фарёд сар кард.

Мард чӣ ҳодиса рӯй доданашро фаҳмида, гуфт:

– Аҷаб марди ростгӯе будааст! Гуфта буд, ки «овозро пагоҳӣ мешунавед».

Даромад

Мард ба духтараш:

– Домодшаванда чӣ қадар даромад дорад?

Духтар:

– Аҷоиб, падарҷон! Вай ҳам ҳамин хел савол дар бораи шумо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *