Машварати ҳуқуқӣ: Парастор чӣ гуна таъин мегардад?

Ҳангоми интихоб намудани васӣ, мақомоти васоят ва парасторӣ кадом ҳолатҳоро ба эътибор мегиранд?

САВФАТУЛЛО, шаҳри Ваҳдат

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Васояту парасторӣ аз тарафи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад ё маҳали истиқомати васӣ ё парастор муқаррар мешавад.

Мувофиқи қонун, ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иҷрои уҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси муҳтоҷи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.

Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ гирифташаванда сурат гирифта метавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *