Даниел Рустамов: Промисро дар хоб дида будам

Овоза

Ман мухлиси ашаддии сарояндаи ҷавону боистеъдод Даниел Рустамов ҳастам. Ҳафтаи гузашта хабари зангирии ин ҳунарманди хушсадоро шунида, хеле хурсанд шудам. Мегӯянд, ки арӯси интихобкардаи Даниел амрикоӣ буда, маросими ақди никоҳашон дар Ватан ва ҳалқаи ёру дӯстон баргузор гаштааст. Аз шумо хоҳиш мекунам, оид ба зиндагиву издивоҷи ин ҷавони ҳунардӯсту боистеъдод маълумоти тозае нашр намоед.

Ҳанифа ҚУРБОНЗОДА, шаҳри Душанбе

Ҳақиқат

Дар ҳақиқат чанд рӯзи охир дар чандин сомонаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои кӯтоҳе оид ба издивоҷ ва зиндагии муштараки сарояндаи маҳбуб Даниел Рустамов бо як амрикоидухтар паҳн гаштааст. Барои равшанӣ андохтан ба саволи хонанда, бо Даниел Рустамов дар тамос шудем. Муҳтавои суҳбатро пешкаши шумо мегардонем.

— Даниел, чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз маросими ақди никоҳ бо духтари амрикоӣ ва гаштугузори муштараки шумо, ки дар бозору деҳаҳои Тоҷикистон сабт гардидааст, диққати мардумро ҷалб намудааст. Арӯси амрикоӣ дар ҳаёти Даниел чӣ гуна пайдо шуд?

— Аз замони кӯдакӣ аксари хобҳоям амалӣ мешуданд. Чанде қабл аз шиносоӣ бо Промис, шабе хоб дидам, ки бо як духтари амрикоӣ хонадор шудаам. Ин хобам низ ба ҳақиқат табдил ёфт. Хоҳари ман дар Амрико зиндагӣ мекунад. Вақте бо Промис шинос шуда, аз феълу рафтори амрикоидухтари ситорагарму дидадаро мафтун мегардад, маро бо ӯ шинос кард. Мо ҳамсуҳбат шуда, хислати ҳамдигарро омӯхтему ба ҳам писанд омадем. Ман он замон дар Маскав будаму Промис дар Амрико. Мо шабу рӯз тавассути интернет бо ҳам суҳбат мекардем. Билохира, Промис ба наздам ба Маскав омад. Бо ҳам зуд унс гирифтем ва дар муддати 4 моҳи шиносоӣ маросими ақди никоҳи худро дар шаҳри Хуҷанд дар иҳотаи хешу ақрабо баргузор намудем.

Хонаводаи духтар ба ин издивоҷ зид набуданд?

— Ягон зарра зид набуданд. Модари Промис бо модари ман шинос шуда, барои баргузор намудани маросими ақди никоҳамон розигӣ доданд.

Промис Тоҷикистонро чӣ гуна қабул намуд? Шояд мехоҳад зудтар ба Амрико равед?

— Баръакс, завҷаам Тоҷикистонро зиёд дӯст дошт. Ҳар рӯз мехоҳад аз урфу одатҳои мардуми мо як чизи нав омӯзад. Ӯ барои худ Тоҷикистонро кашф карда истодааст.

Яъне, фарҳангу маданияти мо барояш писанд аст?

— Бале, аксаран либосҳои тоҷикӣ ба бар мекунад, хӯрокҳои моро хеле дӯст доштааст.

Хонаводаи шумо келини амрикоиро чӣ гуна пазируфтанд?

— Падарам барвақт аз дунё гузаштаанд, модарам бошанд, аз кӯдакӣ ба мо озодӣ дода буданд. Интихоби маро дар мавриди зани амрикоӣ гирифтанам хуш қабул карданд. Ҳоло модарам зудтар соҳиби набера шудан мехоҳанд.

— Орзуи модарро амалӣ мекунед?

— Мо бо Промис маслиҳат кардем, ки як сол ақаллан барои худ зиндагӣ кунем, якдигарро омӯзему хубтар дарк намоем. Баъдан дар фикри тавлиди фарзанд шудан мумкин аст.

— Ҳамсаратон дар Тоҷикистон дар ягон ҷой кор кардан намехоҳад?

— Промис аллакай ба ҳайси муаллимаи забони англисӣ кор карда истодааст.

Дар як навор дидем, ки ҳамсари амрикоии шумо ба ватанаш баргашта, онҷо дастурхони тоҷикӣ орост ва Тоҷикистонро таърифу тавсиф кард. Чаро бе шумо ба Амрико рафт?

— Тибқи талаботи қонуни Амрико шаҳрванд уҳдадор аст, ки ҳангоми харидани чипта ба як кишвар дар як муддати муайян дубора ба зодгоҳаш баргардад. Промис низ чунин амал кард ва боз чипта хариду назди ман баргашт.

Промис пухтани хӯрокҳои тоҷикиро ёд гирифт?

— Бале, бо роҳнамоии модарам аллакай пухтани хӯрокҳои тоҷикиро пурра ёд гирифтааст.

Бо кадом забон бо Промис ҳарф задан барои шумо осонтар аст?

— Мо ҳоло бо забони англисӣ ҳарф мезанем, аммо Промис кӯшиш дорад, ки забони тоҷикиро омӯзад.

Шумо ба наздикӣ порчае аз суруди шодравон Муқаддас Набиеваро дар сатҳи олӣ сароидед. Шакли пурраи онро кай мунтазир шавем?

— То моҳи октябр ҳатман шакли пураашро аз саҳифаи аслии банда дастрас хоҳед намуд.

Вақтҳои охир дар баробари овозхон буданатон боз блогерӣ ҳам мекунед…

— Ростӣ, пештар блогеронро бисёр бад медидам. Вақте худам ду-се наворро пешкаши обуначиён кардам, онҳо хуш пазируфтанд, як вақт дидам, ки аллакай блогер шудаам.

Аз он ки даъвати моро пазируфта, ба суҳбат розигӣ додед, аз шумо миннатдор ҳастем.

— Ман низ аз суҳбати ширину гуворо шод гаштам.

Суҳбаторо: САЛМОНҶОН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *