оила

Машварати ҳуқуқӣ: Розигии волидайн барои фарзандхондӣ зарур аст?

Дар кадом мавридҳо барои фарзандхондии кӯдак розигии волидайни ӯ талаб карда намешавад?

СИТОРА, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи моддаи 130-и Кодекси оила, дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:

— онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;

— суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;

— суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохта бошад;

— бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд.

Зимнан, ёдрас менамоем, ки барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парастор) онҳо зарур аст. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *