Канзи шифо: бодиринг — давои варами шуш ва муқобили пиршавӣ

Бодиринг яке аз сабзавоти маъмул дар Тоҷикистон аст, ки истеъмоли он ба бисёр бемориҳо фоида дорад. Чанде аз фоидаҳои бодиринро пешкаши шумо мекунем.

Бодирингро бихӯранд, пешобро меронад.

Тухми бодирингро кӯфта, ба варам гузошта банданд, онро беҳтар мекунад.

Ҳар рӯз се грамм тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, варами сипурзи одамони гарммиҷозро таҳлил медиҳад.

Бодиринг ташнагиро дафъ мекунад.

Ҳар рӯз чаҳор грамм тухми бодирингро кӯфта бихӯранд, захми шушро шифо мебахшад.

Бодирингро пора карда ба пешонӣ ва сар гузошта банданд, дарди сареро, ки сабаби он истеъмоли моддаҳои гарм бошад, дафъ мекунад.

Баъзан одамоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, барои интихоби маҳсулоти мувофиқ душворӣ мекашанд. Дар чунин вақтҳо меваю сабзавоти камқувватро тавсия додан мумкин аст. Бодиринг ҳам яке аз маҳсулоти қувваташ паст мебошад. Ҳатто ҳангоми риояи парҳез бодирингро бемалол истеъмол кардан мумкин аст.

Бодирингро солҳои зиёд дар косметология ҳам истифода мебаранд. Он равғанҳои қабати болоии пӯстро тоза мекунад. Баробари чунин хусусиятҳо, бодиринг ҳангоми бемориҳои меъда ва захми рӯдаи дувоздаҳангушта тавсия карда намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *