Машварати ҳуқуқӣ: Волидон нисбати кӯдак чӣ ҳуқуқ доранд?
Падару модари ноболиғ нисбати кӯдаки таваллудшудаашон кадом ҳуқуқҳоро доранд?
НОЗИМА, шаҳри Панҷакент
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд.
Падару модари ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад.
Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва падару модари ноболиғ ба миён меояд, аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ