Машварати ҳуқуқӣ: Зану шавҳар баробарҳуқуқанд?
Мехостам, ки баробарҳуқуқии зану шавҳарро шарҳ диҳед.
ШАҲРИЁР, шаҳри Бохтар
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Мувофиқи талаботи қонун ҳуқуқҳои зан ва шавҳар баробар мебошад. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳали истиқомат ва будубош озоданд.
Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд.
Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, баҳри некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ