Дилором Мухторова: Хушдомани хуб сарпӯши дег аст

Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман”-и ҳафтаномаи “Оила”, муаллимаи собиқадор Мухторова Дилором, ки ҳоло дар шаҳри Читаи Русия зиндагӣ мекунад, нуқтаи назарашро дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмати тарафайни келину хушдоман изҳор доштааст.

— Ман як умр бо хушдоманам дар як хона зиндагӣ мекардам, соли 1970 маро келин карда оварданд. Соли 1971 шавҳарамро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданду ман бо хусуру хушдоманам ду сол омадани он касро мунтазир мондем. Соли 1974 хусурам аз олам гузаштанд ва ҳамин тавр, бо хушдоманам зери як бом 35 сол зиндагӣ намудем. Он кас зани меҳрубон, чаққон ва сахтгир буданд, ба ман дар тамоми корҳои хона ёрӣ расонданд, набераҳояшонро тарбия карданд. Аз хушдоманам миннатдорам, ки маро иҷозат доданд хонам. Вақте ман ба хонадони онҳо келин шуда омадам, нав курси дуюмро ба итмом расонида будам. Дастгириҳои он кас буд, ки ман донишгоҳро хатм намуда, баробари шавҳарам кор карда, бори зиндагӣ мекашидам. Руҳи ин модари бузург шод бошад!

Имрўз ман худам чор келин дорам, ки ҳар кадоме дар алоҳидагӣ умр ба сар мебаранд. Ману хӯҷаинам бо писари хурдӣ зиндагӣ мекунем, келинҳоям ҳама чаққону озодакор буда, аз уҳдаи ҳама кору бори зиндагӣ мебароянд. Дар муносибат бо келинҳоям албатта аз таҷрибаҳои аз хушдоманам омўхта кор мебарам. Барои муносибати хуб калонсолон бояд қадами аввалро гузоранд, яъне келинро чун фарзанди хеш қабул намоянд ва ҳар рафтори хубу бадашро бо меҳрубонӣ фаҳмонанд. Келинҳо бояд фаромўш накунанд, ки ҳар хушдоман бо ҳазорон умеду орзу келин карда меорад ва мехоҳад, ки орзуҳои дар дил доштаашро дар симои келинаш бубинад. Хушдомани хуб сарпўши дег аст ва ҳеҷ гоҳ сирри хонаводаро берун намебарорад. Бо келинаш мефахрад, ки ҳамин хел духтари донову зебо ва кордон ҳамсафари умри фарзандаш аст.

Рўзгор мисли ғор аст, агар келин баробари писаратон кор кунаду як паҳлуи зиндагиро бардорад, ин хуб аст. Келин ҳам бояд дар девори ин муносибатҳои ҳасана хиштҳое аз меҳру муҳаббат монад. Барвақт аз хоб хестану аҳли хонаводаи шавҳарро бо чеҳраи кушод сари дастархон хондан, ҳамеша сарфаю сариштакор будан, бо хушдоман ва аҳли хонавода бо меҳр ҳарф задан зиннаи аввали ин муносибатҳост.

Келине, ки сирри хонаводаи шавҳарро ба берун мебараду аз як эроди хушдоман воҳимаҳои зиёд месозад, забони ширин надораду чеҳрааш кушода нест, сарфаю сариштакориро намедонад, оё метавонад соҳибэҳтиром бошад? Гумонам ин гуна зан на дар хонавода ва на дар ҷомеа мавқеи хешро намеёбад. Як чизро аз хотир баровардан лозим нест, ки чӣ қадаре, ки хушдоманро азиз доред, ҳамон қадар шавҳаратон шуморо дўст медорад.

Сирри муносибатҳои зебои хушдоману келин якдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтироми байни онҳо мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *