Машварати августии омӯзгорон дар Хатлон

Имрӯз дар вилояти Хатлон машварати августии омӯзгорон баргузор гардид. Дар ин рӯз ба 16 омӯзгор Сертификати замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон давоми солҳои таҳсили 2022-2023 ба беш аз 100 омӯзгори ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон заминҳои наздиҳавлигӣ дода шуд. Аз ин миён бештар омӯзгорони ноҳияҳои Дӯстӣ, Кӯшониён ва Данғара соҳиби замин шуданд.

Омӯзгороне, ки соҳиби замин гардиданд, ба Роҳбари давлат ва дигар масъулин барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ миннатдорӣ карданд. Онҳо ваъда доданд, ки дар оянда фаъолиятро беҳтар карда, ба дастовардҳои бештар ноил мешаванд.

Дар машварати августии омӯзгорон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар иштирок доштанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *