Маскав 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон мекушояд
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав мехоҳад дар шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бисозад. Лавров бо тавсиф аз равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, Русия ба ин кишварҳо 20 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, танҳо дар 10 соли охир ба маблағи 6 миллиард доллар ёриҳои билоиваз расондааст.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар як матлаб бо номи «Партнерство, испытанное временем” дар «Российская газета” – нашрияи расмии ҳукумати Русия аз 25 соли равобити дипломатии Маскав бо кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷагирӣ кардааст.
Сергей Лавров навиштааст, ки Русия дар 25 соли гузашта аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ 20 миллиард доллар сармоя гузоштааст ва ҳоло дар 5 кишвари ин минтақа беш аз 7500 корхонаҳои муштарак бо Русия кор мекунандю Ӯ ҳамин тавр, афзудааст, ки танҳо дар солҳои 2013-2016 аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 37 миллиард доллар пул интиқол дода шудааст.
Сергей Лавров менависад, ки «дар камтар аз 10 соли охир ҳаҷми кумакҳои мо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ – ба сурати дуҷониба ва бисёрҷониба – аз 6 миллиард доллар гузашт. Русия 488 миллион доллар қарзи Қирғизистон ва 865 миллион доллар қарзи Узбекистонро бахшид.”
Фурӯши бидуни боҷу хироҷи гумрукии маҳсулоти нафтӣ ба кишварҳои Осиёи Марказиро вазири хориҷаи Русия як шакли дигари ёриҳои Маскав ба давлатҳои ин минтақа номида, аз он ситоиш кардааст, ки «боиси хушҳолист ки барои қисми аъзами шаҳрвандони ин минтақа забони русӣ забони модарӣ ё забони дуюм боқӣ мондааст. Аз ҷониби худ, мо барои пуштибонӣ аз таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони русӣ, пеш аз ҳама дар байни насли наврас, фаъолона мусоидат мекунем. Дар донишгоҳҳои Русия 150 ҳазор донишҷӯ аз Осиёи Марказӣ таҳсил мекунанд. Ҳудуди 46 ҳазор нафари онҳо аз буҷаи давлатии Русия стипендия мегиранд.”
Сергей Лавров дар масъалаи равобити Русия бо Тоҷикистон дар бахши маориф дар ин матлаб навиштааст: «Бар асоси тавофуқи байни президентҳои мо, моҳи август 28 омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ ба Тоҷикистон омаданд, 60 ҳазор китоби дарсӣ бо забони русӣ фиристода шуд. Масъалаи сохтарни 5 мактаби таълимаш ба забони русӣ дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар дар дасти баррасӣ қарор дорад.”
Сергей Лавров меафзояд, ки бархӯрди Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон ҳамсон ваё ба ҳам хеле наздик аст: «Русия – шарики пешгоми давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои низомӣ ва низомиву техникист – ба онҳо дар амри муқобила ба чолишҳо ва хатарҳои сершумори амниятӣ, аз ҷумла терроризм, тиҷорати маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона дасти ёрӣ дароз мекунад. Ин ҳамкорӣ ҳам ба сурати дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва СНГ амалӣ мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба идомаи бесуботӣ дар Афғонистон, интиқоли ҷангҷӯёни ДОИШ аз Сурияву Ироқ тақвият ва такмили ин ҳамкориҳо аҳамияти вижа пайдо мекунанд.”
Сергей Лавров дар поёни мақолааш кишварҳои Осиёи Марказиро дигарбора барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё – як созмони минтақавии таҳти нуфузи Маскав – ташвиқ карда, узвият дар Иттиҳоди АвроОсиёро ба сӯди тамоми Осиёи Марказӣ номидааст.
Тавсифи Сергей Лавров аз дирӯзу имрӯз ва дурнамои равобити Русия бо Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, Маскав нақши яккатозиаш дар ин минтақаро алакай аз даст додааст. Агар дар солҳои 90 Осиёи Марказӣ асосан таҳти нуфуз ва дар меҳвари Маскав қарор дошт, ҳоло нақши сармоягузори асосӣ ба иқтисоди ин минтақаро Чин кайҳо аз дасти Русия гирифтааст. Дар соҳоти амниятиву низомӣ ва сиёсӣ низ давлатҳои Осиёи Марказӣ дигар танҳо рӯи Маскав ҳисоб намекунанд ва батадриҷ равобити худро бо қутбҳои дигари сиёсии дунё, аз ҷумла бо Аврупо ва Амрико густариш медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ