«Телевизиони Мусиқии Тоҷикистон» кушода мешавад!

Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд.
Ба иттилои як манбаи мутамад ин шабака “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон” ном гирифта, қарор аст аст, фардо, 5 октябр ба эфир барояд.

Ба иттилои манбаъ, дар оғоз ин шабака ҳамчун як идора дар назди телевизиони “Тоҷикистон” ба кор оғоз намуда, онро сармуҳаррир идора мекунад: “Ин шабака 24 соат мусиқӣ ва барномаҳои вобаста ба он намоиш медиҳад”.

Ҳоло дар Тоҷикистон шаш шабакаи телевизионии давлатӣ – “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Синамо” ва “Варзиш” фаъоланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *