Маскав: Беш аз 30 парвоз ба таъхир афтода ва ё лағв шуд
Дар се фурудгоҳи Маскав бо сабаби барфрезии шадид 30 парвоз ба таъхир афтода ва ё лағв шуд. Дар ин бора хабаргузории РИА «Новости» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, панҷ парвоз дар фурудгоҳи Внуково, 9 парвоз дар Домодедово ва 5 парвоз дар Шереметево ба таъхир афтода, 16 парвоз лағв шудааст.
Қаблан москвагиҳоро аз боридани барфи зиёд дар пойтахт ҳушдор дода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ