Коргардони машҳур Сергей Соловёв даргузашт

Дар Маскав коргардони рус Сергей Соловёв дар синни 77-солагӣ даргузашт. Дар ин бора «Интерфакс» бо истинод ба ахбори доираи дӯстони кинематографисти марҳум хабар медиҳад.

Ҳамсуҳбати оҷонсии иттилоотӣ сабаби фавти коргардонро бемории вазнин гуфтааст, аммо кадом беморӣ, дақик чизе изҳор надоштааст.

Сергей Соловёв кинорежисёри рус, сенариянавис ва коргардон буд. Ӯ аз рӯйи филмҳое аз қабили «Асса», «Черная роза — эмблема печали, красная роза — эмблема любви», «Нежный возраст», «Анна Каренина», «Сто дней после детства», «Дом под звездным небом», «Одноклассники» и «Мелодии белой ночи» кор кардааст.

Соловёв артисти халқии Русия ва барандаи Мукофоти давлатии СССР буд. Мавсуф солҳои 1981 ва 1987 ба ҳайати ҳакамони Кинофестивали Венетсия шомил гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *