Маскав: Тоҷикбача ба зери чархҳои трамвай афтоду зинда монд
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав рӯзи 24 июл дар наздикии истгоҳи метрои «Нагатинская” зери чархи трамвай афтода, хушбахтона, зинда мондааст. Ӯро бо кумаки наҷотбахшони МЧС берун кашида, бо чархбол ба бемористон интиқол додаанд.
Ин фалокат нимаи дуюми рӯзи 24 июл дар наздикии истгоҳи метрои «Нагатинская” дар шоҳроҳи Варшавское, 39 рух дода, хушбахтона, шаҳрванди Тоҷикистон зинда мондааст.
Дар видеое, ки аз ҷои ҳодиса нашр шуд, дида мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар зери чархи трамвай нолиш мекунад ва як мард бо забони узбекӣ ва як зан бо забони тоҷикӣ ӯро таскин медиҳанд, ки «камакаки дигар тоқат кун. Ана омаданд.”
Як зани дигар ба русӣ низ ӯро таскин медиҳад, ки «тоқат кун, чархбол омад барои ту.”
Ин мардро аз зери чархи трамвай бо кумаки наҷотбахшони МЧС – вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия берун кашида, бо чархбол ба бемористони рақами 29 бурдаанд.
Дафтари матбуоти Мосгортранс – идораи нақлиёти шаҳри Маскав гуфтааст, ки марди пиёдагарде ки зери чархи трамвай монд, дар гӯшаш гӯшӣ (наушник) дошт ва аз як ҷои мамъ роҳи трамвайро убур мекард. Ронандаи трамвай талош кардааст, ки онро нигоҳ бидорад, вале ба сабаби фосилаи хеле наздик ин сари вақт муяссараш нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ