Рустами Эмомалӣ бо Ян Питер Олтерс мулоқот кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян Питер Олтерс мулоқот кард.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар  вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳр — DWSP2 мавриди баррасӣ қарор дошт.

Тарафҳо  дар  масъалаҳои   таъминоти аҳолии шаҳри Душанбе  бо оби босифати нӯшокӣ  ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар низоми обихроҷӣ дар тарҳрезии як қатор лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ  ба мувофиқа расиданд.

Иштирокдорони мулоқот ба саҳми Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки Умумиҷаҳонӣ дар густариш ва таҳкими ҳамкорӣ баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки то имрӯз дар доираи кумакҳои молиявии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва дигар унсурҳои вобаста ба он корҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд. Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *