Гармшавии ҳаво идома дорад

Имрӯз, 26 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 43 дараҷа мерасад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он  16-21 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, дар водиҳо 38-43 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, ҳарорат 36 -41 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат дар водиҳо ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, 38 – 40 дараҷа гарм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *