Маскав: Тундбод духтарчаи 12 соларо кушт

Дар натиҷаи тӯфону тундбоди сахт дар шаҳри Маскав ва манотиқи атрофи он 1 нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории давлатии ИТАР-ТАСС рӯзи 21-уми апрел хабар дод, ки аксарият дар шаҳри Маскав ва “дар натиҷаи афтодани дарахтон ва иншооти заиф” маҷрӯҳ шудаанд.

Сергей Собянин раиси шаҳри Маскав дар Твиттер навиштт, ки дар натиҷаи тӯфон “духтараки 12-сола кушта шуд.” Ба гуфтаи ӯ вазъи духтар бисёр вазнин буд ва табибон натавонистаанд, ӯро наҷот бидиҳанд. Собянин ба мардум тавсия додааст, ки эҳтиёткор бошанд ва кӯдаконашонро нагузоранд, ки берун бираванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *