Диққат! «Сомон Эйр» озмун эълон кард

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои  қабули роҳбаладон аз ҳисоби ҷавонписарону духтарон  озмун эълон  намуд.

Синну соли номзадҳое, ки мехоҳанд ба ҳайси роҳбалад дар ин ширкат  фаъолият намоянд,  барои занон то 26 ва барои мардон то 28 муқаррар гардидааст. Қобилияти шиноварӣ, омодагии хуби ҷисмонӣ ва дорои қомати 1.65 метр аз  шартҳои озмун ҷиҳати ноил гардидан ба вазифаи роҳбалад   мебошанд. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар додаанд.

Ҳамзамон номзаде, ки мехоҳад дар оянда ба ҳайси роҳбалад дар ин ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият намояд, бояд дорои шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қобилияти муоширати хуб бо мусофирон бошад, инчунин забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисиро хуб донад.

Номзадҳо имкон доранд, ки ҳуҷҷатҳои худро — тарҷумаи ҳол, нусхаи шиноснома, 2 сурати ранга (портретӣ ва ба дарозии қад), нусхаи диплом ва нусхаи сертификат дар бораи донистани забони англисӣ, агар бошад) то 30 апрели соли 2018 ба почтаи электронии [email protected] ирсол намоянд ё ба суроғаи саридораи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар  кӯчаи М.Мастонгулов – 40 воқеъ аст, супоранд. Телфонҳо барои тамос: +44 640 40 46.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *