Масква ба чемпионати ҷаҳон омодагӣ мегирад
Анҷумани чоруми намояндагони матбуоти ҷаҳон, ки дар шаҳри Москва баргузор гашт, бо сухани ифтитоҳии вазири Ҳукумати шаҳри Масква, роҳбари депортаменти ровобити иқтисодӣ ва байналхалқӣ Сергей Черёмин оғоз гашт. Ӯ изҳор намуд, ки ҳадаф аз анҷумани навбатӣ муаарафӣ кардани дастовардҳои шаҳри Масква тӯли як соли охир ва омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон оид футбол аст, ки моҳҳи июн ва июли соли 2018 дар Русия баргузор мегардад. Тавре мавсуф изҳор намуд, чемпионати футбол дар 11 шаҳри Русия баргузор мегардад. Аллакай қисме аз майдонҳои варзишӣ барои қабули варзишгарон омода аст. Махсусан варзишгоҳи “Аренаи боз” (қаблан Спартак) дастоварди солҳои охири Масква аст, се моҳ қабл пурра омода шудааст. Ин майдон бо охирин дастовардҳои техникаи электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Черёмин Сергей изҳор намуд, ки дар самти омода кардани шаҳр барои қабули варзишгарон ва меҳмонон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. То имрӯз дар шаҳри Масква 858 меҳмонхона барои қабули меҳмонон омода аст. Муркази мухобирот, ки барои робита бо меҳмонон омода карда шудааст бо 6 забон фаъолият хоҳад кард.
Дар анҷуман зиёда аз 50 кишвари дунё намояндагони матбуот ширкат доранд. Дар ин анҷуман аз Тоҷикистон роҳбари медио холдинги “Оила” Шариф Ҳамдампур иштирок дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ