Маслиҳати хушдоман: Бояд бахшанда бошем
Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модарест, ки дар қатори чор фарзанди хеш садҳо нафар шогирдро тарбия намудаву ба шоҳроҳи ҳаёти мустақил гусел намудааст. Исми Холназарова Холмоҳ сокини маҳаллаи 83-юми шаҳри Душанбе ба бисёриҳо шинос аст, ин зани зебову хоксору мадани то ҳол рисолати бар дӯш доштаи хеш, тарбияи шогирдонро идома медиҳад. Саволи мо ба муаллимаи азиз чунин аст:
— Чи бояд кард, ки фазои оиларо дуди сиёҳи ҷангу моҷаро фаро нагирад?
-Дар урфият мегўянд, ки дар хонаводае, ки як ҷангу ҷанҷол шавад, файзу баракат он хонаро чил рўз тарк мекунад. Ба ҳамин хотир, мо бояд кўшиш кунем, ки дар хонаводаамон якдигарфаҳмию муҳаббат ҳукмрон бошад. Ҳар як инсон пайи ташвишҳои зиндаги аз хонааш мебарояд ва хаставу лакот ба умеди як дами фароғат ва сўҳбат бо пайвандон баъди кор ба он ҷо мешитобад. Ҳарчанд мо дар як мамлакати пешрафтаи дуняви зиндаги мекунему занон дар баробари мардон кору фаъолият мекунанд, аммо рисолати хуршеди нигаҳ доштани фазои хонавода аз зан-модар вобаста аст. Вақте зан соҳибфарҳангу тарбиядида аст, ин шароитро барои аҳли хонаводааш муҳайё мекунад. Фарзандон ҳам ба волидайни хеш тақлид карда, оилаи хешро дўст медоранду ба пайвандон эҳтиром меварзанд. Ба хотири рўй надодани ҷангу моҷаро моро зарур аст, ки баъзан гузашт кунем ва бахшанда бошем. Мо дар зиндагии ҳаррўза мушоҳида мекунем, ки баъзан ба хотири як гапи кўчак ҷангу моҷароҳои калон рўй медиҳанд. То дараҷае, ки ба оилавайрони мерасад.
Занҳои ҷавон, навхонадоронро зарур аст, ки ба рашку шубҳаи беасос роҳ надиҳанд, ба ғайбати одамони ҳабаркашу шўрандоз нараванд ва ҳаёти ширини оилавияшонро заҳру зуқум накунанд. Келину хушдоманҳо бо ҳам муросо кунанд, шахсан ман хушдоманамро зиёд дўст медоштаму эҳтиром мекардам. Худам хушдоману соҳиби келин бошам ҳам, аз маслиҳатҳои модаронаи он кас истифода мекардам. Ба ҳам муҳаббат доштан лозим, маҳз муҳаббату меҳру шафқат замири одамонро равшан намуда, кинаву кудуратро аз байн мебарад. Боқи хушрўзу комёб бошед.
Сўҳбати Дилошўб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ