Канзи шифо: 6 бемории зимистона. Аз роҳҳои табобат то пешгирӣ

Имрӯз дар бораи 6 бемории маъмулии зимистона ва роҳҳои пешгириашон маълумот медиҳем.

1.  Зуком

Дар рӯйхати бемориҳои зимистона зуком дар ҷойи аввал меистад. Дар айёми сармо гирифтор шудан ба ин беморӣ мисли ду карат ду осон аст, чунки ин вирус бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ мегузарад ва як одами бемор метавонад чандин нафари дигарро ба зуком мубтало гардонад. Яке зукомро осон мегузаронад, вале дигарӣ баъди як ҳафтаи беморӣ низ ба пуррагӣ ба худ намеояд. Бадии кор дар он аст, ки зуком қариб ба тамоми узвҳои инсон таъсир мерасонад ва таби баланд, дарди сар, дарди гулӯ ва табларза беморро азият медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо зуком ҳатто боиси дарунравӣ ва қайкунӣ низ мегардад. Дар сурати ба ин шакли зуком гирифтор шудан якбора аз чанд дард азият кашидан мумкин аст. Аз ин рӯ, ба умеди мураббочой ва лимӯ нашуда, зуд ба духтур муроҷиат намоед.

2. ОРВИ ва фарқи он аз зуком

Фарқияти зуком аз ОРВИ (острая респираторная вирусная инфекция) дар он аст, ки грипп якбора сар мешавад, вале ОРВИ бо хастагии зиёд ва бемадорӣ оҳиста-оҳиста аз худ дарак дода, ҳоли мариз торафт бад шудан мегирад. Азбаски барангезандаҳои ОРВИ хеле зиёданд, шакли беморӣ ва роҳҳои табобати он низ аз ҳам фарқ мекунад. Зукомро бо давоҳои халқӣ низ табобат карда мешавад, агар чандон сахт набошад, вале мустақилона табобат намудани ОРВИ имкон надорад, зеро духтур бояд маҳз аз кадом вирус сироят ёфтани беморро аниқ карда, мувофиқи он табобат фармояд. Вирусҳое, ки боиси сар задани ин беморӣ мегарданд, бештар ба пардаҳои луобии роҳҳои нафас, гӯш, бинӣ ва гулӯ осеб мерасонанд, аз ҳамин сабаб бинӣ маҳкам шуда, бемор аз сулфа ва дарди сахти гулӯ азият мекашад.

3. Ангина

Маъмулан ангина бо дарди гулӯ сар шуда, баъдан таби мариз баланд мегардад ва беҳолу бемадор шуда, ҳатто вақти фурӯ бурдани луқма гулӯяш дард мекунад. Азбаски ин беморӣ дар аксари ҳолатҳо сабук мегузарад, бисёриҳо онро як касалии назарногир ҳисоб карда, чандон аҳамият намедиҳанд, ки ин хатои маҳз аст. Дар сурати аслан табобат накардан ва ё то охир нарасонидани табобати ангина он метавонад оқибатҳои нохушро ба бор оварда, касро ба ревматизм, миокардит ва дигар касалиҳо гирифтор созад.

4. Бронхит

Бемории дигаре, ки дар фасли зимистон моро азият медиҳад, ин бронхит аст. Омилҳои пайдоиши беморӣ хеле зиёданд. Ба ҷисми инсон роҳ ёфтани микроорганизмҳои гуногун, шамолкашӣ, шаклан вайрон шудани қафаси сина (деформация грудной клетки) ва баъзе одатҳои бад, аз қабили бисёр тамоку кашидан касро ба бронхит гирифтор карда метавонанд. Маъмулан бронхит бо дарди кунд аз худ дарак дода, баъдан сулфа (аксаран сулфаи балғамдор) сар мешавад. Мариз худро беҳолу бемадор эҳсос мекунад ва табаш баланд мешавад. Худтабобаткунӣ зимни бронхит чандон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, бинобар ин, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

5. Авитаминоз

Иллати дигаре, ки дар фасли зимистон бисёриҳоро домангир мешавад, ин авитаминоз аст. Тирамоҳ — мавсими ҷамъоварии меваю сабзавот, ки кони витаминҳои табиӣ мебошанд, ба охир мерасад ва бо сард шудани ҳаво нархи ин маҳсулот дар бозорҳо ду-се баробар боло меравад. Албатта на ҳама имконият доранд, ки бо нархи дандоншикан себу ангур, ноку анор ва дигар намудҳои меваҳою сабзавотро харидорӣ намоянд. Мо кӯшиш мекунем, ки меваю сабзавотро бо дигар номгӯйи маҳсулот иваз намоем, вале организмро фиреб дода намешавад. Норасоии витаминҳо боиси он мегардад, ки ҷисм азият кашида, пӯст хушк ва нохунҳои инсон зудшикан мешаванд.

6. Аллергия ба хунукӣ

Ҳайрон нашавед, дар ҳақиқат ҷисми инсон ҳатто ба хунукӣ аллергия пайдо карда метавонад. Нишонаҳои аввалини ин намуди аллергия — ин сӯзиш ва ё хориши пӯст, дамидани сурхӣ дар пӯст мебошад, ки аз дерматит дарак медиҳад. Барои пешгирии ин ҳолат аз малҳам ва кремҳои махсус истифода бурдан лозим аст. Кремро ба он қисматҳои пӯст, ки кушода ҳастанд, асосан ба дастон ва гардан мемоланд. Малҳам ва кремҳоро як соат ё ҳеҷ набошад, ним соат пеш аз баромадан ба кӯча бимолед, дар акси ҳол, ба ҷойи фоида шумо ба организми худ танҳо зарар мерасонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *