Маслиҳати хушдоман: Фарзанд бодому набера мағзи он аст
-Мегўянд, ки кўдакони имрўз ояндаи миллатанд, бобову бибиҳо дар тарбияи фардои миллат чи нақше доранд?
Ба суоли мазкур бонуи нозанин, хушдомани меҳрубону бибии љавон, сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Сино Саодатхон Зуҳурова чунин ибрози ақида намуданд:
— Дар урфият мегўянд, ки фарзанд бодом бошад, набера маѓзи он аст, танҳо бо тавлиди набера мефаҳмем, ки ширинтар аз фарзанд танҳо фарзанди ўст. Шукри Худовдани бузург, ман ду писару ду келин ва панљ набера дорам. Дар оилаҳои анъанавии тољики модаркалон ё ба қавли маъмул бибиҳо дар тарбияи набераҳо нақши калиди доранд. Зеро келинҳо аз пайи кору бори зиндаги мешаванду набераҳо бо модаркалон мемонанд. Аввалин коре, ки модаркалони хирадманд мекунад, фароҳам овардани фазои амну ором дар хонавода аст. Кўдаконе, ки дар оилаҳои орому бидуни хушунат ба воя мерасанд, хеле хушбахтанд. Барои хушбахтии наберагонамон бояд аз айёми хурдии падару модаронашон замина фароҳам орем. Масалан, писарони худро тавре тарбия намоем, ки ба занони худ эҳтиром дошта бошанд. Вақте набераҳо тавлид мешаванд, аз рўзҳои аввал ёвару мададгори келин будан даркор, ба вай чи гуна нигоҳубин кардани кўдакро нишон додан лозим аст. Дахолати зиёд ва пуштигириҳои баҳудаву беҳуда кўдакро эрка мекунад, дўст доштану муҳаббат додан ба набера дигару эрка кардан дигар аст. Бибиҳои мо дар вақташ ба мо афсона нақл мекарданд, чун калонтар шудем, меҳнат карданро ёд медоданд. Барои ҳавасманд шудан барои ин ё он кори хубамон моро бо тўҳфаяке хушнуд мекарданд ё таърифу тавсиф мекарданд. Мо ҳам бояд ҳамон таљрибаҳоро дар тарбияи набераҳо ба кор барем. Кўдакони даврони Истиқлол насли хушбахтанд, барои онҳо боѓчаву мактабу марказҳои омўзишиву толорҳои варзиши, маконҳои истироҳатӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамаи инро ба кӯдаакон фаҳмонида, шукргузориро омўзонидан лозим аст, то ки оянда дар ободонии Ватани худ саҳмгузор бошанд.
Кўдакони имрўз хеле доноянд, онҳо зодагони асре ҳастанд, ки онро асри инқилоби технологияи навин меномад. Мо калонсолон низ бояд кўшиш кунем, ки дар дили онҳо љо гирем, сўҳбату муносибатамон бо онҳо шавқовар бошад. Волидони љавонро лозим аст, ки бештар омўзанд, то гуфтугўяшон бо фарзандон завқовар бошад, ҳаваси онҳоро бедор созад. Барои бибиву бобоҳо тани сиҳату зиндагии хуби фарзандону набераҳо орзуи ҳамешагист.
Сўҳбати Дилошӯб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ