Маслиҳати хушдоман:Гапи хушдоман барои мо қонун буд

Имрӯзҳо хонаводае нест, ки дар он нофаҳмиву ҷангу хархаша миёни зану шавҳар нашавад. Чунин ба назар мерасад, ки феълан ҷавонон ба оиладорӣ ба таври бояду шояд омода нашудаанд ва дар аксар вақт бо як сухани ноҷо оилаҳо барҳам мехӯранд. Сабаб дар чист? Ба ин суол хушдомани 68-сола, омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Ваҳдат Зӯҳро Раҷабова посух мегӯяд.

-Дар ин мавзуъ хулосабарорӣ кардан бисёр душвор аст. Назарҳо дар мавзӯи муносибатҳои келину хушдоман мухталифанд. Яке келинрову дигаре хушдоманро гунаҳкор меҳисобанд. Зеро, ҳар оила ҳар гуна аст. Ҳастанд оилаҳое, ки келини хонадон хуб асту хушдоман бо сахтгириҳои зиёд ӯро ба ҷон меорад. Ва ё дар оилаи дигар хушдоман хуб асту келини гапногиру гапнодаро. Вале бояд фаромӯш накард, ки келин бояд дар ҳар маврид интизоми худро нигоҳ дорад. Дар вақташ барои мо ҳар гапе, ки хушдоман мегуфт, қонун буд. Чунки дар оила ба мо мегуфтанд, ки вақте шахси калон сухан мекунад, хурд бояд ӯро гӯш кунад. Дар вақташ хушдомани ман чунон зани оқилаву дурандеш буданд, ки бо шарофати маслиҳату роҳнамоии он кас панҷ келин дар як ҳавлӣ муросо мекардему дӯсту тифоқ будем. Имрӯз вақте келини хонадонро насиҳат карданӣ мешавӣ, хафа мешавад.

Хушдоман низ дар навбати худ бояд келинро бо сухани хуб тарбия намояд. Ҳастанд хушдоманҳое, ки келинро ҳама вақт ва дар ҳама ҷо паст мезананд. Келин ҳарчанд тамоми корро табъи дилашон ба анҷом расонад ҳам, боз гила мекунанд. Аз ин рӯ, ҳам келину ҳам хушдоман бояд боандеша бошанд, камбудиву ғалати худро ба гардан гирифта, муросо намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат келину хушдоман модару духтар шуда метавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *