Маслиҳати Шӯрои уламо барои гурезонидани ҷинҳои Ҳисор

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон роҳҳои гурезонидани ҷинҳоро фаҳмондааст.

Аҳмадҷон
, як корбари торнамои Шӯрои уламо навиштааст, як ҳафта мешавад, ки дар шаҳри Ҳисор махлуқ ё ҷондоре мардумро азоб медиҳад. “Бегоҳӣ ба шикор баромада, ба занону кӯдакон ҳамла мекунад ва онҳоро метарсонад. Шаб то рӯз мардум аз тарс намехобанд. Ба хонаҳояшон санг меандозанд ва дару тирезаҳояшонро шикастанӣ мешаванд. Илтимос, чӣ кор кунем?”,-пурсидааст ӯ.

Шӯрои уламо дар посух ба ин суол гуфтааст, мардуми деҳаро зарур аст ба мақомоти мавҷуда муроҷиат намоянд. Дар идома ин ниҳод гуфтааст, “аз нигоҳи динӣ ҷинҳо аз оёти Қуръон ва садои азон мегурезанд. Шумо бо овози баланд Қуръон хонед ва азон гӯед, иншоаллоҳ мушкилатон бартараф хоҳад шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *