Мастӣ боиси марги фарзанд

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 6-уми феврали соли 2024 аз ҳалокати як навраси 16-сола дар натиҷаи чаппа шудани мошини “Опел” хабар дод ва бо изҳори таассуф афзуд, ки ронандаи гунаҳкор падари ин наврас буд, ки ҳам маст буд ва ҳам ҳуҷҷати ронандагӣ надошт.

Милитсия мегӯяд, шаҳрванд Холматов Шуҳрат Эргашович, санаи таваллудаш 23.02.1982, истиқоматкунандаи деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус, бар замми он ки шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, автомашинаи падараш — тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 9615 АН 03-ро дар ҳолати мастӣ идора намуда, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, мошинро дар ҳудуди деҳаи Айвоҷ чаппа кардааст.

Дар натиҷа писари 16-солааш, хонандаи синфи 9 бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Айни ҳол ронандаи сархуш дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ба ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 212 ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *