ТВ “Сафина” соҳиби радио мешавад

6-уми феврали соли 2024 бо ташаббуси Иттифоқи журналистон ба бинои нави Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» сафари матбуотӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ беш аз 40 нафар рӯзноманигорон ширкат доштанд. “Ин гуна чорабинӣ ба намояндагони ВАО имкон медиҳад, ки байни онҳо муносибати ҳамкорӣ ба вуҷуд ояд”,- гуфт Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Бинои нави телевизиони “Сафина” аз 5 ошёна иборат буда, тарҳи ниҳоят зебою ҷаззоби замонавӣ дорад. Носир Саид, директори ин шабака гуфт, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои эшон дар соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нав мебошад.

Дар ин бино 8 студияи муҷаҳҳазу барҳаво барои сабти барномаҳои гуногуни телевизионӣ, оростани суҳбату муҳовараҳо ва пахшҳои мустақим вуҷуд дорад. Аз ҷумла барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Навид” студияи махсуси худро дошта, ҳамарӯза 6 барномаро бо 3 забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ пахш менамояд.

Дар телевизиони “Сафина” ҳамчунин студияи виртуалӣ вуҷуд дорад, ки бо истифода аз пешравӣ ва имкониятҳои муосири сабту пахш барномаҳои ҷолибро манзури тамошобинон мегардонад.

Инчунин, Носир Саидов ба ширкаткунандагони пресс-тур гуфт: “Дар соли 2023 мо тасмим гирифтем, ки “Радиои Сафина”-ро ташкил намоем. Омодагиҳо барои ин кор аллакай сар шудаанд. Насиб бошад, дар ҳамин соли 2024 радио ба кор сар карда, 24 соат дар як шабонарӯз барномаҳои ҷолиб пахш мекунад”.

С. УБАЙДУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *