Мастчоҳ: Соли 2023 гирифтори сокинон ба ВНМО 13 нафар зиёд шуд

Дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли 2023-юм 193 нафар сокинон ба ВНМО мубтало шуданд, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузаштаи 2022-юм, 13 нафар зиёд мебошад.

Дар ин бора раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Вай гуфт, ки сабаби асосии зиёд шудани бемории ВНМО байни аҳолӣ, ин муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Гуфта шуд, ки синну соли мубталои ин беморӣ аз 30 болл буда, байни онҳо 3 нафар занон низ ҳастанд.

Бино ба иттилои роҳбарияти ноҳия, ҳоло барои бартараф ва пешгирии ин ҳолат дар соҳаи тибби ноҳия ситоди махсус таъсис дода шудааст, то сабабу омилҳои дигари рӯ ба афзоиш овардани бемории ВНМО дар ноҳияи Мастчоҳ дақиқ ва пеши роҳи ин масъала гирифта шавад.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *