Шаҳрдори Бохтар иваз шуд

Файзулло Баротзода, шаҳрдори шаҳри Бохтар аз мақомаш барканор карда шудааст. Ӯ дар ин вазифа каме бештар аз як сол фаъолият кардаасту халос.

Файзулло Баротзода, ҳамакнун раиси собиқи шаҳри Бохтар феврали соли 2023 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин гардида буд. Ӯ то шаҳрдори Бохтар таъин шуданаш раиси ноҳияи Лахш буд.
Ҳоло ба ҷойи ӯ, Абдулмаҷид Муминзода шаҳрдори Бохтар таъин гардидааст.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар мушкилоти ҳалношуда кам нестанд. Мутаассифона, сари вақт накашонидан ва тоза накардани кӯчаҳои шаҳри Бохтар аз партов яке аз мушкилоти меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Умедворем, ки Абдулмаҷид Муминзода мушкилоти меҳварӣ-тозагии маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтарро ҳал мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *