Мастчоҳ: Бибизӯҳро аз ҷабри хушдоман худсӯзӣ кард
Бибизӯҳро Зиёваддинова, ҷавонзани 31 солаи сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо роҳи худсӯзӣ даст ба худкушӣ зад. Бино ба гуфти духтурони «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия ҷабрдидаро дар ҳоле ба беморхона дастрас карданд, ки беш аз 90%-и қисмати бадани ӯ сӯхта нобуд шуда буд. Мувофиқи санади тартибдодаи мудири бахши Кор занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ, Сайидпочо Ҳофизова, марҳум Бибизӯҳро зери хушунат ва ҷанҷолу зӯроварии на танҳо хушдоман, балки хоҳаршӯй (аз шавҳар ҷудо шуда дар хонаи падар зиндагӣ мекунад) ва додаршӯяш монда ҳамеша зиндагии сангин доштааст.
Аз сабаби ба хушунат тоб оварда натавонистан марҳум Зиёваддинова бо духтарчаи 5-солааш Нурбону ба хонаи падар бармегардад. Аммо меҳри шавҳар аз хушунати пайвандонаш боло мегирад ва дубора бо мусоидати кормандони кор бо занони ҷамоат ва ҳукумати ноҳия ба хонаи шаҳвар бармегардад.
Вақте ба хонаи марҳум рафта бо волидонаш сӯҳбат кардем, яке аз шоҳидони асосии манзараи даҳшатбор, яъне дидани зани дар коми оташ сӯхта падари марҳум-Давронбек Дарвешов аст. Ин падари ҷигарсӯхта, ки аз сӯхтани фарзандаш дарун-дарун месӯхт дар ҳоле, ки аз чашмонаш ашк мерехт нақл кард:-Фарзанди тамоми баданаш бо ҷабр сӯхтаро дидан вазнинтарин дард барои ҳар модар падар аст. Духтарам то ҷонаш баромадан бо нолиш ғами фарзандонашро мехӯрд ва мегуфт:-Нурбонуро худатон нигоҳ кунед падарҷон. Ман аниқ мемурам, бе ин ҳам зиндагиям мисли марг буд…
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “ОИЛА” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ