«Боботарошӣ» маразе, ки табиб надорад

«Боботарошӣ» («дедовщина») дар артиши ҷавони миллии мо зуҳуроти номатлуби нав нест. Маразест реша паҳн карда, ҳамчун мерос аз замони Шӯравӣ. Пайравонаш кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи муштзӯрӣ ин беадолатиро тақвият дода, дар қисмҳои ҳарбӣ поянда нигоҳ доранд. Ва ҳамин мушкилот барои ба хизмати ҳарбӣ омадани ҷавонон монеаҳои  сунъӣ пеш меорад. Аксари ҷавонони синну соли даъватӣ барои  ба хизмат нарафтан, аз он роҳҳои халосиро меҷӯянд, ҳатто солҳо кишвару мамлакатҳои хориҷиро макони зист қарор медиҳанд. Ба ин онҳоро пеш аз ҳама нақлҳои воҳимаангези сарбозони хизматкарда дар бораи зӯроварии сарбозони «боботарош» илқо менамояд. Ба гуфтаи онҳо наваскароне ҳангоми хизмат аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат мерасанд, ба душвориҳои хизмат тоб наоварда, тарки маҳалли хизмат мекунанд. Ҳол он ки  дар ин ҳодисаҳо  «боботарошон» саҳмгузоранд.

Тибқи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ҳар навсарбоз, баъд аз муҳлати муайяни оғози хизмат, Савганди ҳарбӣ ёд мекунад. Дар назди афсарон, командирон ва ҳамхизматон ваъда медиҳад, ки ҳамчун сарбози ҳақиқӣ барои паси сар кардани мушкилоти хизмат омода мебошад. Аммо талаботи ғайриоинномавии сарбозони калонгаро ё «боботарошҳо» барои онҳо вазниниҳо эҷод мекунад. Навсарбозро ҳангоми шомили хизмат шудан дар қисми таъиншуда, “боботарош” интизор аст. “Черпак”ё “дух” (“боботарошон» навсарбозро чунин ном мабаранд) дар баробари иҷрои талаботи оинномаҳои ҳарбӣ бояд бечунучаро  ҳар як амри онҳоро ба ҷо биёрад. Навсарбоз вазифадор аст, ки саривақт ба тоза кардани пойафзол, ба тартиб даровардани ҷойхобҳо, тоза нигоҳ доштани сару либоси онҳо омода бошад. Агар Бешубҳа, на ҳар як сарбози ҷавон ба чунин муомилот тоб оварда метавонад!

Ин аҳвол падару модарони наваскаронро низ ба ташвиш овардааст. Онҳо огоҳанд, ки зӯроварии  «боботарошон» дар хизмат вуҷуд дорад. Лек ҳисси ватандӯстию қарзи шаҳрвандӣ водор месозад, ки ин беадолатиҳоро нодида гириву ба хотири эҳтироми Ватан фарзандро ба хизмат равон кунӣ. Ба хотири он ки аз зарбаи мушти сарбози калонсол фарзандат зарари рӯҳию ҷисмонӣ набинад, маҷбур мешавӣ маблағ сарф кунию зуд-зуд аз аҳволаш бохабар шавӣ.

Фаромӯш набояд кард, ки артиш бо сарбозони солим пойдор аст. Сарбози вафодор, поктинат, зираку ҳушёр, худшиносу худогоҳ ва ватанпарвар. Баҳри пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳбарияти намудҳои гуногуни сохторҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, Вазорати мудофиаи мамлакат дар қисмҳо ва ҷузъу томҳои низомӣ мераҳои назоратӣ насб кардаанд. Ин тадбир сатҳи зуҳуроти «боботарошӣ» коҳиш дода бошад ҳам, решакан карда натвониста истодааст. Ҳодисаҳои латукӯби сарбозон, мъюбу маслуқ гардондани онҳо аз  тарафи “боботарошон” ва ба таври мармуз ба ҳалокат расидани баъзе сарбозон дар соли гузашта далели ин гуфтаҳоянд. Чаро пеши роҳи ин зуҳуроти сӯзандаро роҳбарону масъулони қисмҳои ҳарбӣ гирифта наметавонанд?

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *