Мастчоҳ: Сатҳи огоҳӣ аз бемории сил аз 25% ба 75 % расид

Дар ноҳияи Мастчоҳ  сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил аз 25% ба 75% расидааст. Сарвари “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и  ноҳияи  Мастчоҳ, силшинос,  Охун Мақсудӣ оид ба  сабабҳои  асосии огоҳии бештар пайдо кардани сокинон дар бораи ин намуди беморӣ, ихтиёрӣ ба табобат ҷалб шудани онҳо, дарёфти шумораи зиёди беморон дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт:-Ноҳияи  мо  солҳои 1956-1960 аз ноҳияи Кӯҳистони  Мастчоҳ ба ин минтақа кучонида шуд. Он   солҳо гарчанде ба бемории  сил  гирифторшавӣ зиёд буд, аммо сатҳи огоҳии аҳолӣ ниҳоят кам та назар мерасид.  Аз сабаби  мавҷуд будани доғгузорӣ шахсони  мубталои беморӣ аз табобат саркашӣ мекарданд ва ин “саркашӣ” боис мешуд, ки шумораи беморон афзояд. Чунки  ин намуди бемори сироятӣ аст ва як нафар бемори  микробхориҷкунандаи сил дар як сол ҳангоми ба табобат фаро нагирифтанаш метавонад 10-15  нафарро сироят кунад. 

                      Силшинос, Охун Мақсудӣ

Соли 2005 вақте “Доир  ба сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил”  таҳлил гузаронидем маълум гардид, ки ҳамагӣ 25%-и  сокинон дар бораи ин беморӣ маълумот дораду халос.   Пас аз 4 сол, яъне соли 2009 боз дар ҳамин масъала таҳлил гузаронидем. Дар натиҷаи таҳлил маълум гардид, ки баъди гузаронидани  корҳои тарғиботӣ дар якҷоягӣ бо кормандони кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, омӯзгорон, табибон,  фаъолони  кумитаву маҳаллаҳо сатҳи огоҳии аҳолӣ ба  75%  расидааст, ки нисбат ба таҳлили чор сол қаблӣ 50% зиёд аст.

                       19%-и беморон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ

Соли 2017 дар ноҳия  122 нафар беморони сил ба табобат  фаро гирифта шуданд.  Аз ин шумора  112 нафарашон бори аввал ба ин намуди беморӣ гирифтор шудаанд, ки аз ин  шумора 19 фисадашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Ба гуфти силшинос, Мақсудӣ дарёфти беморӣ ва шумораи беморон аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли сипарӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст: “Ҳар қадар, ки саҳти огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ зиёд шавад ҳамон андоза дарёфти беморон осон мегардад. Солҳои пеш, ки доғгузорӣ зиёд буд, муҳоҷирони меҳнатӣ баъди ба ватан баргаштан бо вуҷуди  дар худ нишонаҳои беморӣ, аз ҷумла  сулфаи бардавом, бемадорӣ, хасташавӣ, арақкуниро мушоҳида кардан  аз ташхис намегузаштанд.  Гоҳо баъди гузаштани  моҳҳо ҳолаташон вазнинтар шуда аз ноилоҷӣ ба мо муроҷиат мекарданд, ки дар он ҳолат табобат ҳам давомнок ва ҳам мушкил шуда буд”-афзуд ӯ. 

                                Муҳоҷирони меҳнатӣ

                                Муҳоҷирон аз муҳоҷират баргашта рост ба ташхис меоянд

Ноҳияи Мастчоҳ, ки беш аз  122 ҳазор аҳолӣ дорад табиист, ки муҳоҷирати меҳнатӣ низ зиёд аст. Баъди солҳои 2005-2010, ки давоми ин солҳо бо паҳн кардани варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории сил, гузаронидани чорабиниҳо, тақсимоти брашураҳо ва ҷалби қишри фаъоли аҳолӣ барои корҳои фаҳмондадиҳӣ  тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ баъд аз муҳоҷират  ҳатман ба маркази мо (“Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и н. Мастчоҳ ) меоянд ва аз ташхис мегузаранд.  Дар ду моҳи соли 2018 бошад 35 нафар беморони сил дарёфт карда шудаанд, 27 нафарашон  сили одӣ ва бори аввал гирифторшудагон мебошанд-гуфт силшинос Охун Мақсудӣ.

                                      Аз  ташхис гузаштан

         Ройгон будани табобат “тарс”-и камбизоатонро аз байн бурд

 Аз рӯи таҳлилҳои силшиносон бармеояд, ки сабабҳои дар сатҳи баланд қарор доштани гирифторшавӣ ба бемории сил пеш аз ҳама сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба ин намуди беморӣ, тамғагузорӣ нисбати беморони сил, мушкилоти кадрӣ, шароити пасти зиндагии баъзе аз гурӯҳҳои одамон (шароити пасти зисту зиндагӣ, зичии аҳолӣ, норасоии ғизо, бекорӣ, маоши паст, майнӯшӣ ва проблемаҳои коммуналӣ) аст. Инчунин  маҳдудияти дастрасии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ба хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои дурдаст, авҷи муҳоҷират, паҳншавии ВНМО ва проблемаҳо вобаста ба бемории сил дар маҳбасҳо  мебошад.  Ҳамчунин  тарси асосӣ, ки ҳамаи беморон доштанд (шояд ҳоло ҳам дошта бошанд)  маблағ буд. То дами  бо табобатёфтагон ҳамсӯҳбат шудан, ё худ табобат гирифтан аксаран шубҳа доштанд, ки табобати бемории сил ройгон аст.

 Яке аз он нафароне, ки то дами бемор шудан  ба ройгон будани   табобати сил  бовар надошт,   Шарипова Ниёзбибӣ мебошад: — Модари се фарзанди хурсол ҳастам ва шавҳарам ғайр аз фасли замистон се мавсими сол дар мулки рус кор мекунад.  Ҳанӯз 28 солаам ва бо андак кор ё ҳаракат кардан хастаю беҳол шуда,  ғарқи арақ мешудам. Моҳи Рамазон сахт ташна мемондам ва вақти ифтор оби сардро зиёд менушидам. Гоҳо дар нисфирӯзӣ, ки гармии  ҳаво дучанд мешуд  рӯймол ва либосҳоямро ба оби хунук тар мекардам, ки ташнагиям кафе рафъ шавад.  Пас аз моҳи  Рамазон дар худ каммадорӣ ва баста шудани иштиҳоро эҳсос кардам. Танҳо дар давоми 15-20 рӯзи вазнам аз 60 кг ба 54 кг расид. Тарсидам, ки мабодо бемории саратон гирифтор нашуда бошам. Баъди аз ташхиси тиббӣ гузаштан маълум шуд, ки ба бемории сил гирифтор шудаам. Айни ҳол дар беморхонаи “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и  ноҳияи  Мастчоҳ табобат гирифта истодаам, ки табобат ва тамоми доруҳо ройгон аст.

Анбори доруҳои “Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил”-и ноҳияи Мастчоҳ

                            Ҳарсе фарзандамро ҳам аз ташхис гузаронидам

Вақте аз бемор пурсидем, ки то дами ба табобат фаро гирифтанаш магар ягон фарзанд ё дигар аъзои оилаи шавҳарро сироят кардааст, чунин посух дод:-Ҳарсе фарзандонам ҳам  доруҳои зиддисилиро пайваста истеъмол карда истодаанд ва  табобати онҳо 9 моҳ  тӯл мекашад.  Чун худам, ки баъди тамоми аломатҳои касалӣ дар организмам зоҳир шудан дер ба беморхона омадам, мақоли “Пешгирӣ беҳ аз табобат”-ро ба ҳарду гӯшам ҳалқа карда, баъди ду-се рӯзи аз муоинаи тиббӣ гузаштан фарзандонамро низ ба духтур овардам. Гарчанде ки онҳо сироят наёфтаанд, мо ки як моҳи бемории ман дар як хона зистем хавфи  сироятёбӣ дар онҳо вуҷуд дошт.

   Хушбахтона баъди ба табобат фаро гирифта шудан дар худ бисёр сабукиҳоро эҳсос карда истодаам.  Баъди ин ҳол бори дигар ба  табобатшаванда будани ин намуди беморӣ бовар ҳосил кардам.  Зеро чун аксар одамон ман ҳам бемории силро ирсӣ ва  авлодӣ гумон карда, ҳатто пеш аз духтар омадан  аз модарам пурсидам, ки замони дар синну соли ман буданаш оё чунин зудхасташавӣ, арақкунӣ ва беиштиҳо будан дар ӯ ҳам буд ё на?

      Ҳар мо 2-3 бор чорабинӣ оид ба пешгирии бемории сил мегузаронем

Мудири бахши Кор занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ,  Сайидпочо Ҳофизова гуфт:-Дар якҷоягӣ бо кормандони тиб, фаъолони маҳаллаҳо, омӯзгорон, кормандони кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, имомхатибони масҷидҳо ва  сокинони аз бемории сил шифоёфта  сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронем.  

Ҳофизова дар чорабинӣ

Масалан  ҳафтае қабл дар МТМУ №27-и ҷамоати деҳоти Оббурдон  аксияи «Ҳаёт бидуни сил»-ро  гузаронидем.  Дар рафти чорабинӣ  саволу ҷавоб бо мутахассисони соҳа ва ҳам беморони шифоёфта доир шуд.  Вақте сокинон аз  нафари табобатшуда  ба пурсиши худ посух мегиранд,  фикрҳои хато оид  ба бемории силро аз сари онҳо дур мешавад.   Маҷмӯан дар ҳама вохӯрию чорабиниҳо мефаҳмонем, ки бемории сил табобатшаванда аст,  сил авлодӣ нест, табобати беморон пурра ройгон аст. Ин таъкидҳои моро худи  шифоёфтагон тасдиқ карда,  аз гирифторӣ ба ин намуди беморӣ  то пурра табобат ёфтанашонро нақл мекунанд, ки ин ҳам барои маълумотнок шудани аҳолӣ мусоидат мекунад.

Саволу ҷавоб бо аҳолӣ оид ба бемории сил

 

Ҷалби занони хонашин ба чорабинӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ

                                                        GeneXpert-дар давоми 2 соат бемориро муайян мекунад

Силшинос  Мақсудӣ оид ба роҳу усулҳои дарёфти беморони сил гуфт:-Мо масъулон аз санҷиши  манту (ҳолати сироятшавиро нишон медиҳад), санҷиши балғам бо усули мошинаи махсус-GeneXpert (ҷен эксперт), ки дар давоми  2 соат бемориро муайян мекунад, усули кишти балғам (бо 2 намуди усул: Дар муҳитҳои сахт (Ливентейн — Йенсен) ва усули нави замонавӣ  дар муҳитҳои моеъ (Бактек) ва санҷиши рентгениро истифода мебарем. Маҳз ба роҳ мондаи усулҳои муосир   шароит фароҳам овард, ки сатҳи бемории сил дар кишвар бамаротиб кам гардад.

 

GeneXpert

                                                                                  Кор бо GeneXpert

             7 кумитаи маҳаллӣ 7 рӯзи ҳафта корбарӣ мекунанд

Дар ноҳияи Мастчоҳ 7 кумитаҳои маҳалли тандурустӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 42 нафар-омӯзгорон, ҷавонон, кормандони  кумитаҳои дин,  занҳо ва оила, инчунин духтурону силшиносон кор мекунанд.  Пешгирии бемории сил, дарёфти беморон  кори якҷояи масъулину сокинонро талаб мекунад. Сатҳи баланди маърифтанокӣ ва маълумотнокӣ, аз фикрҳои ғалат парҳез кардан, саривақт аз ташхис гузаштану ба табобат ҷалб шудан, пурра табобат гирифтан омилҳои асосие ҳастанд, ки бемории силро дар байни аҳолӣ ба таври назаррас кам мекунад.   Дар ҳолати бетарафӣ зоҳир кардан ба ҳамдигар, беаҳамият шудан нисбат ба саломатии худ ва оилаи худ,  доғгузорӣ нисбат ба беморони сил бошад дарёфти бемориро мушкил, шумораи беморон зиёд мекунад-гуфт Раҷаб Ниёзов, сарвари “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и ноҳияи Мастчоҳ. 

 

                                Раҷаб Ниёзов

-Аъзоёни КМТ дар деҳаҳо, мактабу маҳаллаҳо, ҷойҳои кории худ, бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, оиди бемории сил, пешгирии он, дастгирии беморон, дарёфти б/с ва маърифатноккунонии аҳолии ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд. Нигоҳ доштани сирру асрори вобаста ба беморони сил, дастгирӣ ва назорати беморони сил, иштироки фаъолона дар баланд бардоштани огаҳии мардум оид ба бемории сил, дастгирии беморони сил ва  оилаҳои онҳо, мусоидат намудан дар паст намудани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба беморони гирифтори сил ва  назорат бурдан аз болои давраи табобати беморони сил вазифаҳои аввалиндараҷаи мову аъзоёни КМТ аст, ки ҳамагӣ бо як мақсад роҳандозӣ мешавад: Решакан кардани бемории сил ва аз байн бурдани доғгузорӣ нистаб ба беморони сил-афзуд Ниёзов. 

                         Туҳфасупорӣ ба фаъолони кумитаҳо

  Пас мебояд ҳар яки мо баҳри саломатии худу наздиконамон боэътибор, дар маълумотнок шудани аҳолӣ саҳмгузор бошем  ва мақоли мардумии “Пешгирӣ беҳ аз табобат”- ро фаромӯш накунем.

                                                                                                                                         Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



Ба боло