Бозгашти гуреза ба ватан

Ботирҷон Иброҳимов, сокини шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки чаҳор соли охир номаш дар рӯйхати афроди ҷустуҷӯшаванда зикр мешуд, аз хориҷ ба ватанаш баргашт.

Ба иттилои мақомоти Фарғона, бино бар далели он ки Иброҳимов бо хоҳиши худ баргаштааст, ӯро боздошт накарданд.

Ботирҷон Иброҳимов дар «Таҳияи ғайриқонунӣ, нигаҳдорӣ, интиқол додан ё паҳн кардани адабиёти динӣ» айбдор мешавад.

Шуъбаи корҳои дохилии вилояти Фарғона хабар медиҳад, Иброҳимов нахустин касест, ки баъди даъвати мақомот аз хориҷ ба ватан баргаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *