Мастона месарояд. Ду вохӯрӣ сарнавишти ӯро ба санъат пайваст

Бо устоди “Шашмақом”, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева дар даромадгоҳи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрдам. Чун гуфтам, ки “бо дархости хонандагон ба аёдати шумо омадам”, эшон хурсанд шуданд ва маро ба синфхонае даъват карданд, то суҳбат ороем.

Агар ёри ситамгорӣ…

Мастона Эргашева. Ним аср аст, ки сурудҳои ин сарояндаи номвар дар фазои кишвар танинандоз аст. Ним аср аст, ки сурудҳои ӯ ҳамроҳу ҳамрози мардум аст. Ним аср аст, ки халқ ӯро дӯст медорад…

Вақте бо Мастона Эргашева рӯ ба рӯ шудам, аз хоксорӣ ва самимияти эшон дар ҳайрат мондам. Чӣ сирре дар тинати ин бону ниҳон аст, ки бо вуҷуди шинохтаву маҳбуб будан ин қадар заминиву меҳрубон аст? “Ман ҳунарманди халқ ҳастам ва бояд бо халқ бошам”,- мегӯяд ӯ.

— Муаллима, аввалин сурудхонии худро ба ёд доред?,- мепурсам аз ӯ.

Каме андеша мекунад ва ба олами хаёлот меравад:

— Бале, он замон ҳанӯз хонандаи мактаби миёна будам.

Ӯ аз замони кӯдакӣ шефтаи санъат шуд. Вақте мактабхон буд, рубоб дар даст, миёни духтарони ҳамсолаш сурудхонӣ мекард. Вақте дар синфи 8 таҳсил мекард, аз пойтахт донишҷӯён ба ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, ҳозира ноҳияи Ҷайҳун, ки кӯдакии Мастона он ҷо гузаштааст, пахтачинӣ меомаданд. Дар пахтачинӣ ҳамроҳи духтарони зебои душанбегӣ сурудхонӣ мекард. Дар яке аз чунин рӯзҳои пахтачинӣ бо Санавбар Соҳибова ном духтарак ошноӣ пайдо мекунад, ки дар техникуми омӯзгорӣ таҳсил мекард.

— Санавбар машқи шеър мекард. Мо соли 1967 шинос шудем. Як рӯз аз ман хоҳиш кард, ки ба як шеъраш оҳанг бандам. Ҳамин тавр, ман ба шеъри ӯ — “Агар ёри ситамгорӣ” оҳанги ҳаваскорона бастам ва дар миёни пахтазор иҷро кардам. Ин нафар дар ташаккули ҳунарии ман нақши бориз гузоштааст. Санавбар ба ман роҳ кушод, бовариву эътимод бахшид. Ӯ буд, ки имрӯз Мастона месарояд…

Ёди устод Гулназар…

Пас аз Санавбар Соҳибова Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, устод Гулназар дар сарнавишти Мастона Эргашева нақши мондагор бозидааст. Маҳз ӯ аввалин шуда тавлиди як сарояндаи боистеъдод — Мастона Эргашеваро ба гӯши тоҷикистониён расонид.   

— Овозаи ман аз Қумсангир ба Душанбе, ба гӯши устод Гулназар мерасад. Ёди устод гиромӣ бод, он кас аввалин нафаре буданд, ки замони дар “Комсомоли Тоҷикистон” кор карданашон дар бораи ман мақола нашр карданд. Ҳамчунин, ду суруди маро дар диктофонашон сабт карда, ба шуъбаи мусиқии Радиои Тоҷикистон оварда супориданд. Он сурудҳо пахш шуданд ва номи Мастона Эргашеваро мардум шунид. Ин хизмати устод Гулназарро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Актрисае, ки сароянда шуд

Аз тарҷумаи ҳоли Мастона Эргашева бармеояд, ки ӯ хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон мебошад.

— Чӣ тавр фориғуттаҳсили шуъбаи актёрӣ сарояндаи номвари “Шашмақом” шуд?,- мепурсам аз муаллима.

— Ман мактаби миёнаро бо забони ӯзбекӣ хатм кардаам. Бисёр мехостам, ки бо забони тоҷикӣ буррову равон суҳбат кунам. Мақсади ба шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат дохил шуданам низ омӯхтани забони тоҷикӣ буд, зеро дар он ҷо нутқи саҳна меомӯзониданд. Ҳаргиз пушаймон нестам, ки 5 сол дар шуъбаи актёрӣ таҳсил кардам. Бароям беҳтарин устодон аз маҳорати актёрӣ ва санъати суханварӣ дарс доданд.

Вақте, ки Мастона Эргашева ба ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизион ба кор омад, ҳамагӣ 26 сол дошт. Боймуҳаммад Ниёзов ва Аҳмад Бобоқуловро устоди хеш дар ҷодаи мақомсароӣ медонад.

— Вақте ман ба кор омадам, устод Аҳмад Бобоқулов роҳбари бадеии ансамбли “Шашмақом” буданд. Ин ансамбл он замон хеле ва хеле пуровоза буд. Устод Бобоқулов маро ба кор гирифта, ба шогирдии Боймуҳаммад Ниёзов супориданд. Ҳамин тавр, дар мактаби ин ансамбл ҳамчун мақомсаро сабзидам.

Соли 1979 Мастона Эргашева дар дохили ансамбл гуруҳи “духтарони рубобнавоз“-ро ташкил мекунад. Ин гуруҳ низ барои тарбияи духтарони мақомсаро мусоидат кардааст.

Сафари тӯлонӣ

Мастона Эргашева аз соли 1978 то соли 2003 сарояндаи яккахони ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизион буд. Хотирмонтарин саҳифаҳои умраш ва беҳтарин сафарҳои ҳунариаш замони фаъолият дар ин ансамбл сурат гирифтааст.

Имрӯз Мастона Эргашева хотираҳои сафарашро варақгардон мекунад: “Аз Кумитаи давлатии радио ва телевизион зиёд ба сафарҳои ҳунарӣ мерафтем. Моҳи июни соли 2002 ба Олмон сафари ҳунарӣ доштем. Се моҳ тамоми шаҳрҳои Олмонро гашем. Аз онҷо ба фестивали мусиқии “Шашмақом” ба Вашингтон рафтем. Аз онҷо боз 20-рӯза ба сафари ҳунарӣ ба Фаронса омадем. Дар ин шаҳрҳои бузург мо бо консертҳоямон мусиқии Тоҷикистонро муаррифӣ менамудем. Ин аз ҳама сафари тӯлонитаринам буд”.

Устоди Шашмақом

Мастона Эргашева аз соли 1988 инҷониб дар баробари фаъолияти эҷодӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба сифати устод фаъолият мекунад. Вақти кор дар ансамбли “Шашмақом” низ даҳҳо нафарро дар ҷодаи санъат роҳнамоӣ кардааст. Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Сабоҳат Наҷмиддинова худашро шогирди Мастона Эргашева медонад.

— Барои он ки як ҷавон дар ҷодаи санъат мавқеъ пайдо кунад, аввал истеъдод лозим, баъдан кӯшишу талош. Санъати мақом ниҳоят душвор аст ва аз сароянда тамрини пайваста талаб мекунад. Бинобар ин, вақти кор бо шогирдон ман хеле сахтгир ҳастам. То нотаи заруриро дуруст нагирад, аз шогирдам қонеъ намешавам,- мегӯяд ҳунарманд.

Соли 2003, вақте ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ифтитоҳ шуд, Мастона Эргашева низ дар ин даргоҳ фаъолияташро ба ҳайси омӯзгор оғоз кард. Қариб 20 сол мешавад, ки ҳамчун омӯзгори мусиқии суннатии “Шашмақом” ба шогирдони ин даргоҳ дарс мегӯяд.

Мастона месарояд ва нақшаҳои дигар…

— Устоди азиз, мехоҳам ба хонандагони мо дар мавриди нақшаҳои эҷодӣ ва барномаҳои ҳунариатон бигӯед…

— Моҳи октябри имсол, агар насиб бошад, 55-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 70-солагии мавлудамро таҷлил мекунам. Ҳар сол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон мо консерти синфӣ мегузаронем. Имсол ният дорам онро якбора бо маҳфили эҷодиам якҷо баргузор намоям. То ин ҷашн чопи ду китоб дар назар аст, ки яке “Мастона месарояд” ном дорад ва дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ман аст. Дигаре маҷмӯаи сурудҳоям аст.

Имрӯзҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева пур аз ташвишу тараддуди эҷодист.

— То зинда ҳастам ва қувват дорам, ба халқам хизмат мекунам,- мегӯяд сарояндаи номвар.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *