Ошиқи хок ба хок рафт. Бостоншинос Фарҳод Разоққов ҷавонмарг шуд

Аз хабари Pressa.tj:

30-юми январ Фарҳод Раззоқов, бостоншиноси ҷавони тоҷик, мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Марҳум 37 сол дошт.

Ман ӯро фақат як бор ороставу пероста дидам. Дар кадом ҳамоише. Шиму костюми сиёҳ, куртаи сафед ва галстук дошт…

Дигар ҳамеша ӯро хоколуда дидааму хоксор дарёфтаам.

Инак, ӯ ба оғӯши хок рафт.

Шояд он ҷо бо Маликаи Саразм вохӯрад ва ба мақсад бирасад: асрори ин шаҳри қадимро дарёбад.

— Фарҳод, чӣ мекобед?,- пурсидам боре.

— Намедонам. Археология аз ҳамин сабаб ҷолиб аст, ки пешомадро намедонӣ. Як бел задан метавонад боиси кушоиши нодир шавад. Мисли он ки як табарчаи пайдокардаи Ашӯралӣ Тайлонов боиси кушоиши Саразм гардид.

— Ин дилбастагӣ ва муҳаббат ба бостоншиносӣ аз куҷост?,- боз суол медиҳам, то ҳамкасбони ҳамроҳам, ки аз пойтахт ба тамошои Саразм рафтаанд, ӯро бештар шиносанд.

— Аҷаб савол медиҳӣ,- табассум мекунад,- гӯё намедонӣ, ки ман дар ин ҷо ба воя расидаам…

… Фарҳод фарзанди Абдурауф Раззоқӣ аст. Бале, ҳамон Раззоқии машҳур, ҳамон “гӯрков”-и Саразм. Ҳамоне, ки умрашро сарфи таҳқиқи Саразм кард, Саразмро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд ва худ аз пушти Саразм шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард. Абдурауф Раззоқӣ шогирди кашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ аст ва аз рӯзи нахустини кашфи ин шаҳр дар паҳлуи устодаш буду қабри Маликаи Саразмро кашф кард.

Бобо Солеҳзода, собиқадори матбуот, ки бо хонаводаи Раззоқӣ рафоқати чандинсола дорад, мегӯяд: “Бостоншиноси номвари Фаронса — Ролан Безенвал, ки солҳо ба таҳқиқи Саразм машғул буд ва ҳамин ҷо ҳангоми ҳафриёт ҷон ба ҷонофарин супорид, духтарча ёфт ва ба ӯ Ширин ном гузошт. Баъди чанде Абдурауф соҳиби нахустписар шуд ва ба ӯ Фарҳод ном гузоштанд. Ҳанӯз кӯдак буд, ки падар ӯро бо худ ба Саразм мебурд, мӯйҳои Фарҳоди кӯчакро насими ин шаҳраки бостонӣ сила мекард, аз чанги ин хоки куҳан нафас мекашид”.

Ҳамин буд, ки ӯ ҳам аз пайи падар рафт. Бостоншинос шуд.

Баъди хатми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли 2007, таҳсилро дар аспирантураи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давом дод. Аз соли 2011 ба ҳайси ходими хурди илмии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенту Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ фаъолиятро оғоз намуда, дар ковишҳои бостоншиносии ин пойгоҳҳо саҳми назаррас гузоштааст. Дар давлатҳои Олмон ва Русия таҷрибаи кориашро сайқал дода, рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Строительное дело древнеземледельческого поселения Саразм в IV-III тыс. до н.э.» 22-юми майи соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя намудааст…

Фарҳод ҷавони ҷӯянда буд, муаллифи даҳҳо мақола, монографияи илмӣ ва китобҳост. Дар вазифаи мудири кафедраи бостоншиносӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ фаъолият бурда, солҳои охир машғули таълифи рисолаи докторӣ буд.

… Дар Саразм пайваста ӯро машғул медидам. Як маротиба ҳатто шӯхӣ карда гуфтам:

— Фарҳодҷон, ба як пиёла чой даъвататон мекунам.

Бо табассуми ба худ хос посух дод:

— Душанбе равем, фақат чой менӯшем, ҳозир вақти кор.

— Азобҳои падарро дидед, медонед, ки бостоншиносӣ пешаи душвор аст. Чаро ба ин роҳ рафтед?

Посух намедиҳаду табассум мекунад.

— Намешуд, ки дигар самти таърихро интихоб кунед, дар ҳуҷраи гарм китоб навишта шинед?,- идома медиҳам.

— Ман хокро дӯст медорам. Ин хок сирру асрори ниҳонро пинҳон нигоҳ медорад. Кори бостоншиносӣ, чиркин ҳам бошад, ба ман ҳаловат мебахшад, нерӯ медиҳад,- мегӯяд ӯ.

Ҳамкасбонам зуд-зуд суолҳояшонро медиҳанд. Яке дар мавриди Саразм мепурсад, дигаре аз рафти корҳои бостоншиносӣ, сеюмин аз кашфиёти нав. Фарҳод ба ҳама саволҳо посух мегӯяд, зеро Саразмро хуб медонад.

Бостоншинос Шароф Қурбонов, ки бо Фарҳод Раззоқов кор кардааст, мегӯяд: “Марги ӯ талафоти калон барои илми тоҷик аст. Ӯ яке аз беҳтарин донандагони асри биринҷӣ буд. Мо аз ӯ умеди калон доштем, афсӯс…”.

Фарҳод Раззоқов дар дил орзуҳои зиёд дошт. Ҷиддӣ аз пайи таълифи рисолаи докторӣ буд. Қариб як соли охир аз пайи корҳои пажуҳишӣ дар Олмону Фаронса қарор дошт. Вақти бозгашт аз Москва ба Самарқанд парвоз мекунад. Ба Панҷакент омада, вазъи ҳафриёташро дар мавсими зимистон аз назар гузаронида, падару модарашро зиёрат мекунад ва бо мошини навхаридааш роҳи Душанберо пеш мегирад… Вале… Дар роҳ ба садама дучор шуда, мефавтад…

Ҳамин тавр, илми тоҷик як олими боистеъдодро аз даст дод.

… Фарҳод бо вуҷуди он ки ҷавон рафт, аз худ корҳои бунёдӣ ба мерос монд. Номи ӯ ба мисли Саразм ҷовидон хоҳад монд.

Ёдат ба хайр, дӯстам!

Ту ба хонаи худ рафтӣ, ба оғӯши хок!

Саломи моро ба Маликаи Саразм расон…

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *