Омӯзгорони санъати тасвирӣ миёнаҳои моҳи феврал имтиҳон месупоранд

Як гуруҳ фарҳангиёни кишвар барои боло бурдани савияи донишу малакаҳояшон ба курси махсуси такмили ихтисос ҷалб гардидаанд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз оғози соли нав таҳсили 16 нафар шунавандагон, аз ҷумла 10 нафар омӯзгорон аз худи донишкада, 4 нафар аз Донишгоҳи давлатии Данғара ва 2 нафар аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов идома дошта, инчунин аз аввали моҳи феврал боз 4 нафар аз донишкада, 2 нафар аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва як нафар аз Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев” дар равияи санъатшиносӣ ба курси махсуси такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.

— Таҳсил дар курсҳои такмили ихтисоси донишкада як моҳ давом мекунад. Тибқи нақша дар миёнаҳои моҳи феврал шунавандагоне, ки дар оғози сол ба бозомӯзию такмили ихтисос фаро гирифта шуда буданд, аз фанҳои тахассусии рангакашӣ, қаламкашӣ ва композитсия имтиҳон месупоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *