Дар Нурободи Турсунзода бунёди майдончаи варзишӣ идома дорад

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим фаъолон у сокинони деҳаи Нурободи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бунёди майдончаи варзиширо идома дода истодаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода, раиси шаҳр Парвиз Акрамзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ шинос шудааст. Тибқи маълумоти фаъолон, корҳои созандагӣ тариқи ҳашар сурат гирифта, то имрӯз атрофи майдонча иҳота ва сабзаи сунъии он харидорӣ гардидааст.

— Сокинон нақша доранд, ки бунёди майдончаро вусъат бахшида, дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ба дӯстдорони варзиш ва сокинони маҳалла пешкаш намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *