Мавқеи варзиши ҷудои тоҷик дар раддабандии олимпӣ

Федератсияи байналмилалии ҷудо пас аз натиҷагирии мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Қингдаои Чин раддабандии нави ҷаҳон ва олимпиро нашр кард.

Тавре Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттило дод, Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни 90 кг дар мусобиқаи мазкур ҷои панҷумро ишғол намуд, аз ҷои 35-ум ба зинаи 22-юми раддабандии олимпӣ баромад. Вале дар раддабандии ҷаҳон як зина паст – аз ҷои 18- ба 19 фаромад.

Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ду зина боло шуда, дар ҷои 22-юм мавқеъ гирифт. Ӯ дар мусобиқаи Қингдао дар даври аввал пирӯз гардида, дар даври дуюм мағлуб гашт. Мавқеаш дар радабандии ҷаҳон як зина боло шуд – аз ҷои 27 ба ҷои 26.

Мавқеи Хоҷазода Беҳрӯз (-73кг), ки як ғалаба ба даст овард, тағйир наёфт. Ӯ мисли пешин дар ҷои 19-ум аст. Дар радабандии ҷаҳонӣ низ мавқеаш дар ҷои 20-ум бетағйир монд.

 Сомон Маҳмадбеков (-73кг) бошад, ки як пирӯзӣ ба даст овард, як зина пойин рафта, аз ҷои 12 ба 13 фаромад. Дар радабандии ҷаҳон низ як зина паст шуд – аз ҷои 17 ба ҷои 18.

Бо ҳамин мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2019 ба анҷом расид. То анҷоми марҳилаи интихобии олимпӣ – 1 июни соли 2020 – 9 мусобиқа аз силсилаи сабқатҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо ва чемпионати Осиё оид ба ҷудо ба нақша гирифта шудааст.

Аввалин мусобиқаи соли 2020 Гран Прии Тел-Авив мебошад, ки 23-25 январ доир мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки 7 варзишгари мо дар назар аст. Охирин сабқати интихобӣ мусобиқаи ситораҳои ҷудо аст, ки 28-30 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад.

1 июни соли 2020 Федератсияи байналмилалии ҷудо раддабандии олимпиро нашр мекунад, ки 22 нафари беҳтарини ҳар вазн (бо дарназардошти аз ҳар КМО як варзишгар) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *